Кумаки навбатии Бонки осёии рушд ба Тоҷикистон

Бонки осиёии рушд иловатан 928 ҳазор доллар ба Тоҷикистон маблағи грантӣ тахсис додааст. Ин маблағи кумаки бебозгашт барои хариди васоили инфиродии ҳифозати тиббӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ дар мубориза бо коронавирус пешбинӣ шудааст.

Бо ин пул комбинезони муҳофизатӣ, пешдоман,ниқоб,дастпӯш, бахил,сарпӯш ва дигар чиҳози пизишкӣ харидорӣ ва дар се қисм дастрас карда мешавад. Бино ба иттилои (БОР) қисмати аввали ин молҳо моҳи август аз Камбоҷа ва Навбати дуввум ва сеюм дар моҳи август ва сентябр аз Чин оварда мешавад.

Ин маблағ аз ҳисоби кӯмакҳои ҷории фании (БОР) дар доираи барномаи “Дастгирии минтақаӣ дар мубориза бо густариши бемориҳои гузаранда, аз ҷумла коронавирус -дар соли 2019 ва ангезандаҳои дигар амрози сироятӣ” тахсис дода шудааст.Дар чаҳорчӯби ҳамин барнома қаблан (БОР) дар моҳи март 100.000 доллар ба Тоҷикистон ҷудо карда буд, ва ин маблағи иловагӣ дар доираи ҳамин тарҳ аст.

Ҷудо аз ин ҳама 18 июн (БОР) дар ҳаҷми 50 млн доллар грант дар чаҳорчӯби тарҳи вокуниши сареъ ва дастгирии хароҷот дар мубориза бо COVID-19  барои дастгирии бюҷети ҳукумати Тоҷикистон  кӯмак кард. Муассисаҳои молиявии байналмилалӣ дар давраи коронавирус ба Тоҷикистон беш аз 350 миллион доллар кӯмак кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Маҷлиси намояндагони Амрико салоҳиятҳои Трампро дар ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад

Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида қатъномаеро қабул кард, ки ҳадаф аз он маҳдуд кардани салоҳиятҳои раисиҷумҳур Доналд Трамп дар истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи Эрон аст.

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.