13.9 C
Dushanbe

Президент барои кумаки ниёзмандон 196,5 млн доллар ҷудо кард

Акс аз “kun.uz”

30 июл Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистан  фармон “Дар бораи чораҳои иловагӣ барои дастгирии моддии қишри ниёзманд ва таҳти ҳимояти иҷтимоӣ дар давраи пандемияи коронавирус”-ро имзо кард.

Ин қарор баҳри дастгирии қишри камбизоат ва бознишастаҳо равона шуда, аз буҷети давлати Узбекистон 2 трлн. сум ё беш аз $196,5 млн ҷудо карда шудасст.

Сомонаи CentralAsia (UZ) навиштааст маълум шуд, ки мутобиқ бо ин санад 4 август аз буҷаи мамлакат ба таври иловагӣ 2 триллион  сум,ки барои дастгирии 1,7 миллион камбизоат 3,7 миллион бознишаста ва 500 ҳазор гирандагони кӯмаки иҷтимоӣ пешбинӣ мешавад, ҷудо шудааст.  

Тибқи маълумоти расонаҳои мустақил дар мамлакат дар давоми 5 рӯз ба оилаҳои муҳтоҷ  ба маблағи 148 миллиард сум$14,5 млн).кӯмаки моддӣ расонида шуд. Бар асоси нақша дар моҳи августи соли равон қарор аст 780 миллиард сум ($76,6 млн) барои 1,7 миллиона нафар ва барои 50.000 корманди арсаи тандурустӣ дастрас карда шавад.

Ба ниҳодҳои назоратӣ дастур дода шудааст,ки контроли доимӣ бар раванди тақсимоти ин кӯмакҳо ва чораҳои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна қонуншиканӣ дар ин росторо таъмин созанд.

Раиси ҷумҳурии Узбакистон барои бори аввал нест, ки аз буҷети давлат ба аҳолии фақир ва қишри муҳтоҷ кӯмаки қобили мулоҳиза мерасонад. Расонидани кумак ва дастгирии аҳолӣ аз рисолат ва масъулияти асосии давлат ва ҳукумтҳо дониста мешавад. Аммо ба тафовут аз Узбакистон дар Тоҷикистон ҳатто кӯмакҳои башарии расида аз муассисаҳои хайриявӣ ва давлатҳоро мақомдорон ба яғмо мебаранд ва гоҳе ҳам бидуни кадом шарму ҳаё аз номи худ ба аҳолӣ тақсим мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...