Ҳукумати Лубнон дар пайи инфиҷори Бейрут ба истеъфо рафт

Акс аз вебсайти “mnalmsdr.com”

Расонаҳои расмии лубнонӣ хабар медиҳанд, ки сарвазири Лубнон, Ҳасан Диёб дар пайи инфиҷори бандари Бейрут ва эътирози мардум дар бораи ноуҳдабароии ҳукумат ва сӯиидора рӯзи 10 агуст аз мансаби худ истеъфо дод. Ба дунболи ӯ вазири маориф ва таълими ин кишвар низ имрӯз сешанбе аз истиъфои худ хабар дод.

Ҳасан Диёб пас аз эътирозҳои мардумӣ дар Лубнон моҳи декабри соли гузашта ба мансаби сарвазирии ин кишвар расида буд. Диёб ҳангоми истеъфояш гуфт, “ҳаҷми фасод бузургтар аз ҳаҷми давлат аст” ва афзуд, ки “давлат дар баробари фасоди идорӣ даступо бастааст ва бар зидди он мубориза карда наметавонад ва халосӣ ёфта ҳам наметавонад, яке аз нишонаҳои он таркиши бандари Бейрут мебошад”.

Нахуствазири мустаъфии Лубнон зимни ишора ба ин ки вуҷуди фасоди музмин дар кишвар ва қишри сиёсӣ боиси фоҷеаи Бейрут шуд гуфт, “касоне, ки фасодкории онҳо сабаби фоҷеаи Бейрут шуд, бояд аз худ хиҷолат бикашанд, ки бо давлати ман ки муваффақияташ вуҷуди онҳоро таҳдид мекунад, ҳамкорӣ накарданд”.

Ҳамзамон Ториқ Маҷзуб вазири мустаъфии лубнонӣ дар саҳифаи тивиттераш менависад:

“Ташаккур мегӯям ба касоне, ки дар ин умри кӯтоҳи ҳукумат ба ман эътимод карданду дастгирӣ намуданд ва сари таъзим фуруд меоварам назди фидокориҳои омӯзгорон ва волидайну донишомӯзон, ки дар замони пандемияи каронавирус моро ёрӣ расонданд. Мо барои Лубнон истеъфо додем, дар акси ҳол ман барои гурез аз масъулият ва ё хидмат дар соҳаи таълиму тарбия ва мубориза бо фасод ҳаргиз истеъфо доданӣ набудам”.

Ёдрас мекунем, ки шоми 4 август дар бандари шаҳри Бейрут пойтахти Лубнон таркиши бузурге ба вуқуъ пайваст, ки то имрӯз расонаҳо аз кушта шудани 163 нафар ва 16 гумшудаву 6 ҳазор маҷруҳ хабар медиҳанд. Мақомоти амниятии Лубнон сабаби таркишро ба оташсӯзие рабт доданд, ки он боиси инфҷори анборе шуд, ки дар он маводи қобили инфиҷор нигаҳдорӣ мешуд. Бино ба гузоришҳо маводе, ки дар ин бандар таркид, 2750 тонна селитраи аммиак будааст ва он 6 сол пеш аз як киштии тоҷири рус, ки расонаҳо аз ӯ Игор Гречушкин ёд карданд, мусодира шуда ва дар ин анбор нигаҳдорӣ мешудаанд. Ин тоҷир мехоста ин маводро ба давлати Кипр бибарад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар ноҳияи Шоҳмансур марде бо гумони рабудани ноболиғ ва ҳаракатҳои бадахлоқона боздошт шуд

Дар Душанбе як мард бо гумони рабудани ноболиғ ва анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ӯ боздошт шудааст.

Баъди бозӣ бо Партугалия шонси бурди Узбекистон ба давраҳои баъдӣ хеле кам шуд

Дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дуюми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз тими Португалия бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд ва имкони роҳ ёфтанаш ба марҳилаи баъдӣ коҳиш ёфт.

Шикояти сокинон: Маъмурони барқ ҳамро беҳуда қарздор мекунанд

Сокинони бархе ноҳияҳои кишвар аз он шикоят доранд, ки маъмурони барқ хона ба хона гашта, ҳамаро беҳуда аз барқ қарздор менависанд ва ҷарима мебанданд.

Тирпарронӣ ва боздошти навраси 15-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду навраси тоҷикро, ки байни худ даргир шуда ва дар натиҷа тирпарронӣ карданд, боздошт кардааст.