21.9 C
Dushanbe

Навалний баъд аз заҳролудшавӣ дар беморхона бистарӣ шудааст

Акс аз mstrok.ru

Алексей Навалний, аз мунтақидони сарсахти раиси ҷумҳурии Русия баъди заҳролудшавӣ ва нишасти изтирории тайёра дар фурудгоҳи Омск дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Дар ин бора сухангӯи ин блогер Кира Ярмиш дар сафҳаи Twitterии худ хабар додааст.

“Ҳоло Алексей беҳуш аст “, – навиштааст Ярмиш. Вай афзудааст, ки блогер субҳ танҳо чой нӯшида буд ва тахмин мезанад, ки Навалнийро заҳролуд карда бошанд: “табибон мегӯянд, ки токсин тавассути моеи сӯзон зуд паҳн шудааст. Соли гузашта вақте Алексей дар спецприемник- камераи махсус нигоҳдорӣ мешуд ӯро заҳролуд карда буданд.Маълум аст ки ҳозир ҳам  айни ҳамон корро карданд”, – зикр кардааст Ярмиш.

Дар беморхонаи кӯмакҳои фаврии рақами 1 Омск бистарӣ шудани блогерро тасдиқ кардаанд.

“Алексей Анатолевич Навалний, соли таваллудаш 1976 .Ҳоло дар шӯъбаи эҳёи беморони масмум бистарӣ аст “, – гуфтааст мусоҳиби Оҷонсии ТАССС. Хабари ин Оҷонсӣ дар соати 07:34 ба вақти Маскав тағйир карда ва ба он шарҳи корманди Хадамоти тиббӣ илова шудааст.

Алексей Навалний аз мунтақидони сарсахти В.Путин раиси ҷумҳурии Русия  аст ки борҳо дар ташкили гирдиҳамоӣ ва пиектҳо дастгир  ва барои чанд муддат равонаи зиндон шудааст.Вай муътақид аст ки коррупсия дар Русия  ҷҷилавгирӣ карда намешавад,зеро ба гуфтаи ӯ коррупсионерони асосӣ Путин ва тими ӯ дар ҳокимияти ин кишвар аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корманди додситонӣ Меҳрона Ноибоваро ба худкушӣ расонд

Меҳрона Ноибоваи 23-сола 4-уми апрели соли ҷорӣ аз истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и Дарвоз нопадид гашта, ҷасадаш аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шуд.

Бо парчами Фаластин баромадани Ламин баҳсбарангез шуд

Бо парчами Фаластин ҳузур ёфтани футболбози ҷавон Ламин Ямал дар роҳпаймоие баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорон ба бор овардааст.

Русия дар пайи таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва сиёсӣ бо Толибон аст

Маскав талош дорад "ҳамкории ҳамаҷониба"-ашро бо ҳукумати Толибонро тақвият дтҳад.

Боздошти як пирамрди 79-солаи рус дар Лаҳистон бо иттиҳоми таҳдид ба амният

Дар Лаҳистон як шаҳрванди 79-солаи Русия, ки дар доираҳои ҷиноятӣ бо номи "Вор в законе" маъруф будааст, боздошт шуд.