16.9 C
Dushanbe

Подполковники Оҷонсии назорати маводи нашъадор дастгир шуд

Сардори зершуъбаи Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Сайфиддин Баротзода ба иттиҳоми қаллобӣ 19-уми август аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуд. Дар ин бора “Ховар” бо такя ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ-и Тоҷикистон сабаби боздоштшавии подполковник Бародзодаро дар он буда, ки ӯ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ зада, бо ин восита маблағи махсусан калонро тасарруф кардааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел нисбат ба боздоштшуда подполковник Баротзода мутобиқи моддаи 247, қ.4, банди «б»-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар бораи ҷузъиёти ин дастгиршуда то ҳол назари наздикон дастрас нашудааст.

Даст задани кормандони мақомҳои баландпояи сохторҳои қудратии Тоҷикистон бори аввал нест, ки рух медиҳад. Рӯзи 18 августи соли равон КДАМ аз дастгир шудани корманди баландпояи Оҷонсии мубориза бо коррупсия полковник Маҳмадзода Ҷонибек бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод. Як рӯз баъд, 19 август ба ҳамин иттиҳом Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз дастгир шудани ду корманди баландпояи КДАМ, яке сардори раёсати тиббии Қӯшунҳои сарҳадӣ полковник Азизов Ҷиёнхон ва дигарӣ муовини командири қисми ҳарбии ҚС КДАМ дар ноҳияи Панҷ полковник Усмонзода Мирзодавлат Абдуғафор хабар дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бонки ҷаҳонӣ механизми нави сарфи маблағро ба Тоҷикистон ироа кард

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ як механизми нави молиявиро барои Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳадафаш вокуниши босуръат ба ҳолатҳои фавқулода ва буҳронҳо мебошад.

Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони Русия коҳиш ёфтааст?

Вазорати корҳои дохилии Русия аз коҳиши ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирони корӣ хабар дод.

Наҷот ёфтани як нафар аз худкушӣ тавассути хонандаи мактаб

Дар шаҳри Душанбе як духтари ҷавон бо қасди худкушӣ худро ба дарё андохт, вале тавассути як хонандаи мактаб аз марг наҷот ёфт.

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.