Рустам не, Эмомалӣ Раҳмон номзади президентӣ шуд

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26-уми август зимни Анҷумани навбатии худ президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад аз тарафаи Иттифоқи касаба барои интихоботи президентии моҳи октябри соли ҷорӣ пешбарӣ кард. Дар ин бора Оҷонсии “Ховар” иттилоъ дод.

То имрӯз аллакай ин панҷумин раиси ҳизбест, ки номзад ба мақоми президент ва барои иштирок дар корзори интихоботӣ пешбарӣ мешавад. То чанд рӯзи пеш раисони 4 ҳизб – ҲАТ Рустам Лтифзода, ҲСТ Абдуҳалим Ғаффорзода, ҲДТ Сайидҷаъфар Усмонзода, ва ҲИИТ Рустам Раҳматзода ҳамчун номзади ҳизб ба мақоми президент пешниҳод шудаанд.

Вале то ҳол анҷумани худи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор нашудааст, тибқи маълумотҳо анҷумани ҳизби ҳоким дар рӯзи 3 сентябр баргузор мегардад. Коршиносон бар ин назаранд, ки то эълони Иттифоқҳои касаба баъзе аз пешбарӣ шудани номзадии Рустами Эмомалӣ ҳарф мезаданд, аммо акнун ба эҳтимоли зиёд метавон гуфт, ки дар анҷумани ҲХДТ номзадии Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ мешавад.

Дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон инчунин ҳаққи пешбарӣ намудани номзад ба мақоми президенти Тоҷикистонро Иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонон низ доранд. Ва ин иттифоқҳо метавонанд дар интихоботҳои президентӣ номзади худро дошта бошанд ва дар сиёсати кишвар саҳм гузоранд. Қарор аст интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11-уми октябри соли равон баргузор шавад.

Эмомалӣ Раҳмон 28 сол мешавад, Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, мухолифони ҳукумат ӯро барои саркӯб кардани дигарандешӣ, муроот накардани ҳуқуқи инсон, маҳдуд кардани озодии баёну виҷдон ва ҳуқуқи дигари бунёдии инсон танқид мекунанд.

Ба  гуфтаи нозирони байналмиллалӣ интихоботҳои Тоҷикистон ҳеч гоҳ мутобиқ ба меъёрҳои демократию байналмилалӣ ва шаффофу одилона баргузор нагардидааст,  ҳамеша ба тақаллуб ба манфиати ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон, ки сарвараш Эмомалӣ Раҳмон аст, баргузор мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳизби ҳоким рӯнамоӣ шуд

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол" рӯнамоӣ шуд.

Путин қонунҳои нави зидди муҳоҷиронро имзо кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бастаи қонунҳоеро имзо кард, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишварро ба таври назаррас сахттар мекунанд. 

Дар Панҷакент маъракаи нави зидди “либоси бегона” баргузор шуд

Дар шаҳри Панҷакент рӯзи 4-уми август намояндагони Ҳизби Халқии...

Боздошти чанд хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар Душанбе

Пулиси Душанбе рӯзи 4-уми август аз боздошти як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод.