13.9 C
Dushanbe

Баҳром Иноятзода дар СИЗО гуруснанишинӣ кардааст

Саломати Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб дар боздоштгоҳ бад шудааст. Наздикони ӯ гуфтаанд,ки баъди аз беморхона ба СИЗО мунтақил шудани ӯ вазъи сиҳҳатиаш дубора вазнин шудааст.

Аммо манобеъ дар мақомот гуфтаанд, ки бо далели беҳ шудани вазъи саломатиаш ӯро дубора ба СИЗО ё тавқифгоҳи муваққатӣ бурданд. Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода, рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, “пас аз табобат ёфтан аз коронавирус, хуни бародарам ғафс шудааст, пойҳояш варам кардаанд ва дилаш дард мекунад”.Вай иддао кард, ба пизишконе, ки бародарашро қаблан табобат мекарданд, иҷозаи вуруд ба боздоштгоҳро надодаанд:

“Ба ягон нафар аз наздикон ҳам иҷозаи вохӯрӣ надоданд. Вазъияташ дубора нохуб шуд. Худашон як духтурро бурдаанд ва мо то ҳол намедонем, саломатиаш беҳтар шудааст, ё не. На писар ва на ҳамсарашро ба назди ӯ роҳ надоданд”, – мегӯяд Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода.

Хабари бемории раиси пешини Кулоб дар ҳоле аст ки шоеъоте дар мавриди даст ба гуруснашинӣ задани ӯ ҳам дар шабакаҳои маҷозӣ давр мезанад. Як манбаи Радиои Озодӣ низ дар мақомоти интизомӣ гуфтааст, “ҳафтаи гузашта Баҳром Иноятзода се рӯз гуруснанишинӣ кард”. Манбаъ мегӯяд, раиси собиқи Кӯлоб ба ин васила хостааст, баъзе иттиҳомот аз парвандааш берун ва худаш бо табобати дуруст фаро гирифта шавад. Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода, гуфтааст аз гуруснашинии бародараш хабар надорад, вале тасдиқ кард, ки ӯ се рӯз аз гирифтани хӯроки бурдаи наздикон даст кашидааст.

Хусрав Аюбӣ, вакили мудофеи Баҳром Инотязода дар суҳбати кӯтоҳ гуфт, рӯзи 25-уми август бо нафари таҳти ҳимояташ вохӯрд ва ӯ аз саломатиаш шикоят надошт. Вакили мудофеъ тафсилот надод ва гуфт, ҳаққи суҳбат дар бораи парвандаро надорад, чун ба мақомот дар бораи фош накардани ҷузъиёт забонхат додааст.Иноятзода 8-уми июни имсол бо иттиҳоми гирифтани “пора” боздошт шуд. Ӯро пас аз мубтало шудан ба коронавирус дар шифохонаи сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ карда буданд. Ба гуфтаи додситон, нисбат ба Баҳром Иноятзода бо қисми 4-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ ё гирифтани ришва дар ҳаҷми калон ва аз ҷониби роҳбари мақомоти маҳаллӣ парванда кушода шудааст. Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба Иноятзода то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Баҳром Иноятзода дар гузашта раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси миллӣ буд ва моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати “Комил-2010”, мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.

Бархе аз коршиносон муътақиданд,ки иллати асосии ба маҳкама кашидани раиси пешини Кулоб ҳамин фошкориҳои ӯ нисбати қудои президент ва интиқомкашии вай аст.Ва,агарки мегӯянд онҳо ин парванда “заказной” ё фармоишӣ набуд,бо барканорӣ аз мақом қаноат мекарданд.Ва,дигар ҳам ин аст ки бо ришва то ҳамин акнун касе дар сатҳи раиси як шаҳр ва ё ноҳия ба маҳкама кашида нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...