16.9 C
Dushanbe

Русия донишҷуёни тоҷикро иҷозат дод, ки ба дарсҳо ҳозир шаванд

Акс аз: www.tajinfo.ru

Тоҷикистон аз Русия хоста буд, ки донишҷӯёни тоҷикро иҷозати вуруд ба ин кишвар бидаҳад то ба дарсҳо сари вақт ҳозир шаванд. Имрӯз Русия ба ин дархост ҷавоби мусбат дод. Гуфта мешавад, ки имсол беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Руссия қабул гардидаанд.

Анна Попова Раҳбари Роспотребнадзор дар номае ба бахшҳои вилоятии ин идора навиштааст: «Ба қарори ҳукумати Русия дар мавриди вуруди афрод барои гирифтани маълумот дар мактабҳои олии Русия ва шахсоне, ки барои идомаи таҳсилоти олӣ ба муддати на камтар аз се моҳ ба Русия меоянд, тағйирот дароварда мешавад».

Хабаргузории ТАСС, навиштааст, ки донишҷӯёни хориҷие, ки ба Русия меоянд, бояд бо худ санади ташхис аз коронавирус дошта бошанд. Қабл аз  оғози таҳсил донишҷӯёни хориҷиро дар Русия барои 14 рӯз дар режими худинзиво (самоизоляция) қарор медиҳанд ва сипас онҳо дубора аз ташхиси коронавирус мегузаранд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон ҳоло беш аз чаҳор ҳазор донишҷӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил мекунанд.

Имсол ба донишгоҳҳои Русия беш аз ҳазор нафар донишҷӯёни нав қабул шудаанд, ки бояд ҳарчи зудтар ба Русия сафар кунанд ва тибқи талаботи муассисаҳои таҳсилоти олӣ расмиёти заруриро ба анҷом расонанд. Омодааст, дар иттилоияи ВКХ.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хоҳиш кардааст, ки дар гирифтани иҷозат аз Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз вуруд ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ба Федератсияи Русия барои сафари донишҷӯёни тоҷик дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда варақаи донишҷӯӣ ва маълумотномаи донишгоҳ мусоидат намояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.