13.9 C
Dushanbe

Дар ноҳияи Айнӣ манораи 13-метра сохта шуд. Аммо бо пулу заҳмати кӣ?

Акс аз сомонаи Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Дар ноҳияи Айнӣ манори 13-метра қомат афрӯхт. Ба иттилои Маркази матбуоти вилояти Суғд манораи мазкур дар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Самарқанд бунёд гардидааст.

Абдулғанӣ Қобилзода мудири бахши фарҳанги ноҳия Айнӣ гуфтааст: “баландии манора 13 метр, паҳноии он 4 метрро ташкил медиҳад, дар болои он рамзи кураи замин ҷойгир буда, бо чароғакҳои ранга ва парчам оро дода шудааст, ки далели соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад”.

Аммо аз кадом ҳисоб ва бо чанд қадар маблағ бунёд ёфтани марнора расман гуфта нашудааст.

Ба гуфтаи баъзе манобеи ғайрирасмӣ, манорае, ки дар ин ноҳия бунёд гардидааст, аз тарафи корагрони корҳонаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ  сохта шудааст. Гуфта мешавад, ки коргаронро маҷбур карданд, то дар ду ҷой манора бунёд кунанд. Соли гузашта дар чорроҳҳаи Айнӣ-Масчоҳ низ манора бунёд гардида буд, ки он ҳам аз ҷониби корагарони муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ бунёд ёфта буд.

Коргаронро аз ҳукумати ноҳия тақсим намуда буданд, корхонаву ташкилотҳои ҷониби рост як мавзеъро бунёд мекарданд ва кохонаву муасисаҳои ҷониби чап дигар ҷониби шоҳроҳро обод мекарданд.

Ноҳияи Айнӣ яке аз ноҳияҳои саноатӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ду сол қабл Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ дар вилояти Суғд ин ноҳияро аз ҷиҳати андозсупорӣ баъди шаҳри Душанбе дар ҷойи дуввум гуфта буд.

Ҳоло дар ноҳияи Айнӣ корхоани муштараки Тоҷикистону Амрико, чандин корхонаҳои ангишт ва тилло фаъолят мекунанд.

Корхонаҳои тиллои Кумарғ ба ширкати “ТЕВА” барои сохтани маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе дода шудааст, ки бояд ба истифода дода шавад.

Ҳачунин ҶСП «Талко Голд» дар заминаи маъдани кони Кончоч бунёд мегардад. Ин кон аз се қитъа: Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон иборат буда, панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла сурма қариб 265 ҳазор тонна, тилло ҳудуди 50 тонна, флюорит беш аз 70 ҳазор тонна, нуқра зиёда аз 59 ҳазор тонна, симоб 1197 тоннаро дар бар мегирад ва ҳоло сохтмонаш идома дорад.

Ба навиштаи Хадамоти матбуоти вилояти Суғд, то ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Айнӣ 499 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...