10.9 C
Dushanbe

Мушкилӣ бештар шуд, дар Тоҷикистон аз хонандагони мактабҳои миёна пули ҳароратсанҷ талаб доранд

Акс аз “Sputnik”

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд сокинон аз пулталабии омӯзгорони мактабҳои миёна шикоят доранд. Гурӯҳе аз сокинони ин ноҳия ба “Аздо тв” гуфтанд, ки муаллимони мактабҳо бар иловаи пулситониҳои доимӣ боз аз фарзандонашон барои харидории ҳароратсанҷ (Термометр) аз 7 то 15 сомонӣ пул талаб доранд, ки ин барояшон мушкилӣ эҷод дааст.

Ба гуфтаи онҳо, на танҳо дар ноҳияи Зафаробод, балки дар аксари мактабҳои Тоҷикистон аз хонандагон маблағ барои харидории асобоби ҳароратсанҷ (Термометр) пул ҷамъоварӣ доранд, ки ин боз як маблағи иловагии дигарест, ки болои маблағҳои пешин зам шудааст.

Чунин шикоятҳо ба “Аздо тв” аз минтақаҳои гунонуни кишвар низ расид, ки  мегӯянд: “Фарзандонамонро дар мактабҳо маҷбур доранд, ки барои харидории асбоби “Термометр” маблағ биоваред, дар ин шароити вазнин қариб ҳаррӯз маблағ ҷамъ мекунанд, мо аз куҷо пайдо кунем?”

Ба гуфтаи волидон раванди ҷамъоварии маблағ барои харидории асбоби ҳароратсанҷ як мактаб аз мактаби дигар фарқ дорад, дар бархе мактабҳо аз хонандагон талаб кардаанд, ки 15 сомонӣ биоваред аз бархеи дигар 7 сомонӣ хостанд, ки ин ҳам дар ин шароит барои волидоне, ки аз ҷое даромад надоранд, мушкил аст. Ба қавли онҳо, имсол бар иловаи маблағи китоб, обуна шудан ба газетаҳои мактабӣ, маблағи журнали синфӣ ва маблағҳои дигар, боз маблағ барои ниқоб, маҳлули дастшуй ва ҳароратсанҷ зиёдатӣ гардидааст, ки барои волидон як “дарди сар” эҷод кардааст.

Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон ба “Аздо тв” гуфт: “Бояд ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кумакҳои воридгардидаи хориҷӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ба тамоми мактабҳо асбоби ҳароратсанҷ ва дигар лавозимоти пешгирикунанда тақсим мекард, имрӯз ба мо ҳам шикояти волидон мерасад, аммо ба ҷуз масъулони болоӣ касе коре карда наметавонад. Намедонем, ки ин кумакҳо ба куҷо масраф мешаванд”.

Дар мактабҳои Тоҷикистон масъалаи ҷамъоварии маблағ аз хонандагон ба як масъалаи баҳсноки доманадор табдил ёфтааст, ки гирифтани пеши он ба қавле имконнопазир шудааст. Зоҳиран Мақомоти дахлдор низ ба ин мавзӯъ чандон таваҷҷӯҳе надоранд.

Имсол дар Тоҷикистон баъди ҳуруҷи бемории COVID-19 вазъият ба куллӣ тағир ёфт, аз як тараф даромади сокинони кишвар аз Русия кам гардид, аз тарафи дигар роҳҳо баста шуданд ва шаҳрвандони тоҷике, ки дар Русия кор мекарданд, аксарашон ҷайҳои кории худро аз даст доданд, ки вазъи бекориву фақр дар кишвар ба маротиб зиёд гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.