7.9 C
Dushanbe

Давоми 8 моҳ ҳазорҳо ширкати тиҷоратӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ карданд

Акс аз “Ozodi”

Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ аз моҳи январ то моҳи августи соли равон беш аз 13 ҳазор ширкати хурду миёна фаъолияташонро қатъ кардаанд.

Соли равон Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар миёни 190 кишвари ҷахон аз нигоҳи осонии роҳандозии тиҷорат дар мақоми 183 гуфта буд. Вале баъди интишори вируси COVID-19 дар ҷаҳон, вазъ дар Тоҷикистон дуҳвортар шуд. Коршиносон яке аз сабабҳои баста гардидани ширкатҳоро андозӣ баланд ва санҷишҳои пайдарпайи мақомот медонанд.

Элмас Бархонова, маркетолог ё бозоршинос ба Озодӣ мегӯяд, ки тиҷорат дар Тоҷикистион хеле беҳаракат аст. Ба назари ӯ, соҳибкорони маҳаллӣ дар бештари маврид ба тағйироти бозор омода набуданд. Аммо соҳибкорон худашон сабаби баста гардидани ширкатҳоро санҷишҳои пайдарпай ва андози баланди кормандони андоз медонанд.

Як соҳибкор дар шаҳри Душанбе ба “Аздо тв” гуфт, “Сабаби асосии қатъи фаъолияти бештари ширкатҳо ба кормандони андоз ва дигар мақомот вобаста аст”.

Ба гуфтаи ин соҳибкор бештар аз 10 ниҳод соҳибкоронро тафтиш мекунанд, ки ин кори онҳоро душвор кардааст. Манбаъ афзуд, ниҳодҳои марбута яке пас аз дигарӣ пайҳам меоянд, мисле, ки бо ҳам машварат карда бошанд. Боз ба бар замми ин агар сардори андози минтақа иваз шуд, рӯзи соҳибкор сиёҳ мешавад, ӯ боз ҳақи худро мегузорад, соҳибкор маҷбур аст ҳақи ӯро низ бидиҳад. Дар ҳолати сарпечӣ кардан, андози баланд мебандад, ки дар натиҷа тиҷоратат варшикаста мешавад. Инҳо ҳама сабаб шудаанд, ки солона садҳо соҳибкор фаъолияти худро дар кишвар қатъ бикунад. Дар ҳамин ҳол аксари ширкатҳои нафарони наздик ба Эмомалӣ Раҳмон аз пардохти боҷу андоз озоданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳимзода: Ҷиноятҳои террористӣ афзоиш ёфтаанд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 12-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ аз афзоиши ҷиноятҳои террористӣ хабар дод.

Чаро вазири адлия аз посух ба суолҳо дар бораи зиндонҳо худдорӣ мекунад?

Вазири адлияи Тоҷикистон аз ҷавоб додан ба суоли рӯзноманигорон дар бораи зиндонҳо худдорӣ кард.

Бар асари тирандозӣ дар як мактаб 9 нафар кушта шуд

Дар як ҳодисаи тирандозӣ дар мактаби миёнае дар Канада 9 нафар кушта шуда, дасти кам 25 каси дигар захмӣ шудааст.

Имсол ҳам Тоҷикистони фасодзадатарин кишвар шинохта шуд

Тоҷикистон дар соли 2025 дар миёни кишварҳои фасодзадатарини дунё қарор гирифтааст.