18.9 C
Dushanbe

Рустами Эмомалӣ ба вакилон халқ дастур дод, ки бо интихобкунандагон вохӯрӣ анҷом диҳанд

Рустами Эмомалӣ, акс аз “Ховар”

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузор намудани иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, ки қарор аст рӯзи 23 сентябри соли равон баргузор гардад, қарор ба имзо расонид.

Дафтари матботи Раиси шаҳр хабар дод, ки дар рӯзномаи Маҷлис шунидани ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, ҳисоботи муовини раиси пойтахт дар бораи вазъи нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷорисозии низоми пардохти электронӣ дар ин соҳа дарҷ гардидаанд.

Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, вакилони маҷлис то 21 сентябр бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир мекунанд ва аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис таклифҳои мушаххасро пешниҳод менамоянд.

Ин дар ҳолест, ки 11 октябр дар Тоҷикистон интихоботи Президенти баргузор мегардад, коршиносон бар ин назаранд, ки иҷлосияи дар пеш истодаи Раиси шаҳри Душанбе бештар ба масъалаҳои интихоботӣ рабт дорад, вақто вакилон бо интихобкунандагони худ, вохурӣ анҷом медиҳанд, ҳатман ба интихоби роҳабри ҳизбашон дигаронро ташвиқ мекунанд. Ёдовар мешавем, моҳи апрели соли равон Рустами Эмомали Раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб гардида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти рӯҳониён дар Русия

Дар чанде аз шаҳрҳои Федератсияи Русия намояндагони идораҳои динии мусулмонон аз ҷониби мақомот боздошт шуданд.

Масъулони обуҳавошиносӣ аз боришот ва ҷорӣ шудани селҳо ҳушдор медиҳанд!

Дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз имрӯз то 25-уми май бо сабаби бориши зиёд омадани сел пешгӯйӣ шудааст. 

Пулҷамъкунӣ “ихтиёрӣ” буд ё “маҷбурӣ”? Вокуниши Шуъбаи маорифи Ёвон ба матлаби Azda.tv

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон ҷамъоварии иҷбории маблағ аз хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва №10-и ин ноҳияро рад кард.

Рӯзи баргузории Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

Имсол дар Тоҷикистон иди саиди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мегардад. Ба ин муносибат сокинони кишвар як рӯз истироҳат хоҳанд кард.