7.9 C
Dushanbe

Хабари бемории саратони Рустами Эмомалӣ фейк ё ҳақиқат?

Мудири Маркази тиббии “Herzliya Medical Center” Дани Энгел – яке аз муассисаҳои тиббии маъруфи Исроил дар саҳифаи Твиттераш аз табобати Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дар соли 2019 дар ин бемористон хабар дод.

Хабаргузории “STAN RADAR” бо такя ба навиштаи Дани Энгел хабар медиҳад, ки Рустами Эмомалӣ як сол қабл дар ин Марказ аз саратон табобат гирифта, ҷарроҳӣ низ шудааст.

Мудири Марказ навиштааст, ки “аз аввали соли 2020 мақомоти расмии кишварҳои гуногун аз маркази мо дидан карданд. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки дар баданаш саратони рӯдаи рост (рак кишечника, rectal cancer) ташхис шуда буд, соли 2019 дар бемористони мо бистарӣ карда шуд ва баъди ҷарроҳӣ табобат гирифт”.

Энгел дар идома навиштааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз Вазорати тандурустии Исроил ба хотири табобати Рустами Эмомалӣ изҳори сипос намуд. Ин изҳоротро Дани Энгел рӯзи 28 сентябр дар саҳифаи Твиттераш нашр кард.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар мавриди табобат ва ҷарроҳӣ шудани Рустами Эмомалӣ – нафари дуввуми Ҳукумати Тоҷикистон, ҳеҷ иттилоеро нашр накардаанд. Ҳатто баъди нашр гардидани изҳороти Энгел ин мавзӯро ҳанӯз тасдиқ ва ё рад накардаанд.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки 11 октябр дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад, дар аввал гуфтугузорҳое буданд, ки интиқоли қудрат аз падар ба писар мешавад, вале чунин нашуд. Рустами Эмомалӣ соли 2017 дар 29-солагиаш ба курсии шаҳрдории Душанбе таъйин гардид, соли 2020 дар синни 32-солагӣ раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд.

“Аздо тв” барои таъйиди хабар ба унвони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нома ирсол намуд ва баъдан тамос гирифт, навбатдори ин ниҳод, ки худро Масамиев Осим ном бурд, аз нашри хабар изҳори беиттилоотӣ намуда гуфт, ки ӯ дар ин бора чизе гуфта наметавонад.

Пас аз чанд соате Мақомоти шаҳри Душанбе бо ирсоли нома ба “Аздо тв” хабарро рад намуда, гуфтанд, ки Рустами Эмомалӣ сиҳату саломат аст ва чунин беморие надорад:

“Ин хабар ягон асоси воқеӣ надорад. Бояд зикр намуд, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ягон беморӣ гирифтор нашудааст ва соли 2019 ба Исроил низ сафар накардааст. Маълумоти мудири бемористони Исроил дар бораи бемории муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷарроҳиву табобаташ дар маркази “Herzliya Medical Center”-и Исроил ва изҳори сипоси мақомоти расмии Тоҷикистон ба вазорати тандурустии Исроил ва аҳли “Herzliya Medical Center” комилан дуруғ буда, асоси воқеӣ надорад.”

Аммо дар хусуси ҳақиқат доштани чунин номе “Дани Энгел” ҳамчун мудири кулли беморхонаи “Herzliya Medical Center” “Аздо тв” таҳқиқ гузаронд ва маълум гардид, ки дар ҳақиқат Дани Энгел мудири ин беморхона буда, муълумоти он дар вебсайти беморхона дарҷ гардидааст.

Мо барои таҳқиқи хабар ба беморхонаи “Herzliya Medical Center” тамос гирифтем, ва масъулони ин беморхоа дар тамоси телефонӣ ба “Аздо тв” гуфтанд, ки он саҳифаи твиттерие, ки хабарро нашр кард, ҷаълӣ буда ба ҷаноби “Дани Энгел” тааллуқ надорад. Ва чунин маълумоте аз ин беморхона дар ин хусус нашр нагардидааст.

Акс аз сомонаи бемористони “Herzliya Medical Center

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.