7.9 C
Dushanbe

Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF): “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” барҳам дода шавад

Рӯзи 14 сенябри соли равон Сандуқи байналмилалии пул (IMF) зимни як гузорише ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки ду бонки бузурги дучори мушкил  “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро барҳам диҳад.

Падамҷа Ханделвал, роҳбари ҳайати созмони мазкур, аз 18-уми август то 3-юми сентябри соли ҷорӣ тариқи интернет (онлайнӣ) бо намояндагони бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон, вазъи иқтисодиро баррасӣ карда, бо ҳам чанд маротиба гуфтугӯҳо анҷом додаанд. Ин гузориш баъд аз гуфтушунидҳои чандмаротибаии мақомоти тоҷик бо раҳбари Сандуқи байналмилалии пул нашр гардид.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар гузашта “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро муфлис эълон карда, барҳам дода буд.

Ҳамчунин дар изҳороти СБП омадааст, ки паҳншавии пандемияи каронавирус ва таъисри он ба ҷомеа хуб пешгирӣ гардида, вале дар бахши иқтисодӣ камбудиҳо ҷой дорад, ки таъсири манфии он дида мешавад.

Дар гузориш сабаби муфлисшавии ин бонкҳо дар кам гардидани интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ва аз тарафи дигар камбудии ҳамешагии асъори хориҷии доллар ва мушкилоти савдо гуфта шудааст.

Ҳамчунин дар изҳороти СБП зикр гардидааст, ки Тоҷикистон масъалаи камбудии долларро ҳал намояд, зеро мушоҳида мешавад, ки мардум наметавонанд аз бонкҳо аз 200 доллар зиёд дастрас кунанд ва ин сабаб гардидааст, ки мардум дар замони каронавирус дар назди бонкҳо зиёд ҷамъ мегарданд.

Гуфта мешавад, агарчи мушкилии дарёфти асъори хориҷии доллар дар Тоҷикистон қаблан ҳам вуҷуд дошт, аммо пас аз эълони пандемияи каронавирус дар ҷаҳон ва қатъ гардидани сарофиҳои байнидавлатӣ ба як бора ин мушкилӣ бештар гардид.

Пас аз таъйин шудани Ҷамоллидин Нуралиев ба вазифаи муовини Бонки миллӣ тамоми саррофиҳо баста гардиданд ва танҳо дар бонкҳо имкони харидории доллар ҷорӣ гардид. Ба гуфтаи коршиносн Нералиев тиҷорати долларро ба дасти худ гирифт.  

Ин бори аввал нест, ки СБП ба Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ин ду бонки аллакай муфлисшуда ва пардохтнопаззирро барҳам диҳад, қабалн низ чунин тавсияҳо дар мавриди ин ду бонк нашр гардида буд.

Аз соли 2015 то инҷониб “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ба буҳрон гирифтор гардидаанд, нафароне, ки дар ин бонкҳо пасандоз доштанд, то ба имрӯз наметавонанд, ки пасандозҳои худро  бозпас гиранд. Ҳукумати Тоҷикистон охири соли 2016 ба ин бонкҳо зиёда аз 3,3 миллиард сомонӣ ёрии молиявӣ карда буд, вале ин миқдор маблағ ҳам ин бонки дар буҳрон фурӯрафтаро наҷот дода натавонист.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.