Пастарин маоши Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ

Оҷонсии омори назди президенти Ҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аз аввали моҳи июл бо назардошти бақияи солҳои гузашта 60,6 млн сомониро ташкил дода, аввали моҳи августи имсол то 65,1 млн сомонӣ расидааст.

Ниҳодҳое, ки қарзашон зиёд гуфта шудааст, сохтмон ва истихроҷи канданиҳои фойданоку саноати коркард мебошанд.

Бино ба гуфтаи Оҷонсии омор, дар соҳаи сохтмон (17,6 млн сомонӣ), истихроҷи канданиҳои фоиданок (14,7 млн сомонӣ) ва саноати коркард (14,4 млн сомонӣ) аз маош қарздор будаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнат ба ҳисоби миёна 1275 сомониро ташкил медиҳад, ки ба 124 доллар аз рӯйи қурби ҳозира баробар аст. Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомониро ташкил медиҳад, ки баробар ба 38 долар аст.

Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта (3726 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2610 сомонӣ), бинокорон (2390 сомонӣ), кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2254 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 531 сомонӣ сабт гардидааст.

Дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил маоши аз ҳама пастарин дар Тоҷикистон гуфта шудааст. Музди меҳнати миёна дар Русия – 730 доллар, Беларус  – 518, Украина – 388, Озарбойҷон – 370, Арманистон – 375 ва Қирғизистон – 239 долларро ташкил дода, дар бораи Қазоқистону Молдова ва Узбекистон маълумоти дуруст дастрас нест, менависад хабаргузории “Asia-Plus”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...