Узбекистон марзҳояшро боз мекунад

Акс аз ТоҷикТА

Узбекистон шурӯъ аз аввали моҳи октябри соли ҷорӣ марзҳои худро боз намуда, сафарҳои маъмулӣ тариқи роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ бо муқрароти беҳдоштӣ оғоз мегардад.

Комиссияи махсуси мубориза бо каронавирус дар Узбекистон гуфтаст, маҳдудият барои воридгардидани шаҳрвандон ва васоили нақлиёт аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ лағв мегардад.

Ба гуфтаи Комиссияи махсус, нафарони ворид гардида аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон, бояд бо худ, маълумотнома дар бораи надоштани вируси карона дар давоми 72 соатро дошта бошанд ва ҳамчунин то 14 рӯз дар меҳмонхонаҳову хонаҳо нигоҳдори мешаванд.

Гуфта мешавад, давлатҳо бо тариқи рангҳо сурх, зард ва сабз ҷудо карда шудаанд. Нафароне, ки бо тариқи кишвари сабз – Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Утриш ва Ҷопон меоянд бе ягон маҳдудият ба Узбекистон ворид мегарданд.

Нафароне, ки аз тариқи ранги зард – Озарбойҷон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Британия ва Испанияро дар бар мегирад, ки дар сурати надоштани бемории каронавирус ба Узбекистон ворид мегарданд. Ва рагни сурх он давлаҳоеро дар бар мегирад, ки дар он каронавирус набошад дар сурати надоштани бемории COVID-19 иҷозаи воридшавӣ доранд.

Шаҳрвандоне, ки маълумотномаи тиббӣ надоранд, дар марказҳои ташхисии назди сарҳадӣ аз ҳисоби худашон аз ташхис мегузаранд, дар  ҳолати доштани беморӣ ба карантин фиристода мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.