Шиддат гиирфтани танишҳои лафзӣ байни Чину ИМА

Акс аз BBC

Бино ба навиштаи Хабаргузории ВВС рӯзи 22 сентябр дар ҷараёни нишасти Маҷмааи Умумии СММ дар Ню Йорк танишҳои лафзӣ байни Чину ИМА шиддат гирифтааст. Президенти ИМА Доналд Трамп Чинро дар бемасъулиятӣ ва мудирияти нодуруст дар баробари вируси корона айбдор кард.

Дар як видеои қаблан сабтшуда дар Маҷмааи Умумии СММ, президенти ИМА вируси коронаро “вируси чинӣ” номид ва дар баробари ин кишвар Созмони ҷаҳонии тандурустиро низ шадидан интиқод намуд.

Вай аз Созмони Милали Муттаҳид хост, ки ҳукумати Чинро барои шуюъи вируси COVID-19 ва вазъияте, ки ҷаҳон ба он гирифтор аст масъул бидонад ва ба ҷавобгарӣ бикашад.

Дар ҷавоб раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар як паёми видеоӣ ҳама гуна кӯшиши “сиёсӣ кардан”-и паҳншавии вируси COVID-19-ро маҳкум кард ва аз хатари “бархӯрди тамаддунҳо” ҳушдор дод. Ӯ иттиҳомоти Трампро напазируфт ва гуфт, Чин дар баробари вируси корона бо ҳисси масъулияти баланд кор кардааст. Дар идома афзуд, ки кишвараш қасд надорад бо ҳеҷ кишвари дигаре вориди ҷанги сард бишавад.

Бино ба назари коршиносон амалкарди худи Доналд Трамп барои пешгирии каронавирус дар Амрико ҳамеша аз ҷониби шаҳрвандон ва ниҳодҳои амрикоӣ интиқод мешавад, вале ӯ, ки ҳоло дар арафаи интихоботи президентии ИМА қарор дорад, барои корнамоии худ пайваста Чинро дар масъалаи ин вирус айбдор мекунад ва мӯътақид аст, ки ин кишвар метавонист аз аввал пеши роҳи ин вируси оламгирро бигирад, вале хунукназарӣ кард. Чин ин ҳамлаҳоро рад мекунад ва онҳоро баҳсҳои ҷонибӣ ва муғризона медонад.

Омори қурбониёни ин вирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳоло беш аз 200 000 нафарро ташкил медиҳад, ки баландтарин дар ҷаҳон аст ва худи Трамп хатари ин вирусрро борҳо кам мегирифт. Вай инчунин кӯшишҳои Чинро барои пешгирии вирус, вақте ки он дар Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз паҳн нашуда буд, ситоиш мекард.

Аммо коршиносон сарчашмаи танишҳо байни ИМА ва Чинро на ба вируси корона, балки ба дигар масоил рабт медиҳанд. Ба назари онҳо сабаби асосии ин танишҳо масоили иқтисодӣ, аз ҷумла тиҷорат, фанновариҳо ва масъалаи Ҳонгконг ва инчунин бархӯрди Чин бо мусалмонони уйғур дар Шинҷон буда метавонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.