Абдулло Давлатов: то ҳоло дар рӯи замин ҳеҷ доруи маҳвкунандаи коронавируси COVID-19 вуҷуд надорад!

Абдулло Давлатов табиби тоҷики муқими Русия дар саҳифаи фейсбукии худ аз густариши мавҷи дувввуми вируси корона SARS-CoV-2 (COVID-19)  ҳушдор додааст.

Ӯ гуфтааст, мутахасисон дар аввал огоҳ карда буданд, ки дар давраи хазонрезӣ вирус боз авҷ мегирад, бояд сокинон қойдаҳои муҳофизатиро риоя намоянд, набояд ба умеди ваксина ва доруҳои то ҳол вуҷуд надошта умед бандем.

Табиби тоҷик мегӯяд, дар Русия, ки ҳамватанони мо кам нестанд, шуюъи ин вируси маргбор зиёд шудааст. Ҳатто дар Маскав, ки чораҳои иҷтимоиву тандурустии пешгирӣ аз ин уфунӣ хеле хуб ба роҳ монда шудаанд, шумораи гирифторон меафзояд.

Ба гуфтаи Далатов сабаби зиёд гардидани гирифторони вируси карона аз беэҳтиётии шаҳврвандон вобастгии зич дорад, ҳамчуни бояд ҳукуматдорон аз болои қойдаҳои беҳдоштӣ назорат кунанд, ки шаҳрвандон бе ниқоб нагарданд, дар бархе кишварҳо аз сабаби роия накардани ниқоби тиббӣ ва ҷидди нагирифтани уфунӣ шумораи гирифторони вируси карона зиёд гаштааст.

Давлатов мегуяд:  

“Дар мисоли Амрико дидем, ки аввал худи Тромп ин уфуниро ҷиддӣ нагирифта буд, баъд яке аз духтурони мансабдори наздикаш даъво дошт, ки ниқоби тиббӣ кашидан кори беҳуда аст ва ғайра. Дар натиҷа талафоти ҷонӣ аз COVID-19 аз ҳама зиёд дар онҷост”.

Дар идома навиштааст, ки сарвазири Бритониё дар аввал то ҷое аз вируси карона беэътиноӣ карда буд, ки барои ин кораш аз ҷониби раҳбарони давлатҳои аврупоӣ мавриди интиқод қарор гирифт.

Баъд аз оне ки диданд, COVID-19 уфунии ҷиддист, ҳоло ба таҳлука чораҳои сахтгиронаро роҳандозӣ кардаанд,- гуфтааст Давлатов.

Ба навиштаи табиби тоҷик, мутахассисон медонанд, ки барои ташаккули масунияти сарҷаъмӣ бояд аз 60 то 70 % мардум уфуниро паси сар кунанд.

Яъне, агар аз 3 нафар 2 кас COVID-19 гузаронаду дар хунашон иммуноҳлобулинҳои лозима (G) ба андозаи кофӣ пайдо шаванд, пас нафари сеюм аз ин 3, агарчӣ бо сулфаву атсаи шадид коронавирус пошад ҳам, он 2 сироят намешаванд, чун дар баданашон антибодӣ (антитела) бар муқобили ин коронавирус доранд.

Дар охир гуфтааст:  барои ҳифзи ҷону саломатии худ ва наздикон, ҳатман чораҳои пешгирӣ аз сироятшавиро риоя кунем! Набояд ба масунияти сарҷаъмӣ ва ё воксину доруҳои арзи вуҷуд надошта умед бандем. Дониста бошед, ки дар марҳилаи имрӯза дар рӯи замин ҳеҷ доруи маҳвкунандаи коронавируси COVID-19 вуҷуд надорад!

Абдулло Давлатов таъкид мекунад, ки ҳамаи тавсияҳои табибон дар хусуси пешгирӣ аз каронавирус нисбӣ ҳастанд. Ба назари ӯ воксине, ки ҳамаи марҳилаҳои таҳқиқоту санҷишҳои тиббиро гузашта бошад, вуҷуд надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғазза вазъи инсониро бадтар кардааст

Бо вуҷуди барқарории оташбас ҳамлаҳои низомии Исроил ба минтақаҳои гуногуни Ғазза идома дошта, вазъи башардӯстона дар ин борика боз ҳам бадтар мешавад.

Ҳамсари “Фирдавс Киллер” хабари марги ӯро рад кард

Хабари кушта шудани Фирдавс Салоҳов, як зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар ҷанги Украина, ки рӯзҳои охир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, аз сӯи ҳамсари ӯ рад шуд.

Пас аз эълони Трамп нархи ҷаҳонии нафт беш аз 7 дарсад коҳиш ёфт

Нархи ҷаҳонии нафт пас аз он ки президенти Амрико Доналд Трамп аз ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон даст кашид, ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Дар Суғд блогерон барои “фаъолияти ғайриқонунӣ” даҳҳо ҳазор ҷарима шуданд

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти андози вилояти Суғд 17 блогерро барои "фаъолияти соҳибкорӣ бидуни сабти номи давлатӣ" гунаҳкор дониста, дар маҷмуъ 96,7 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.