12.9 C
Dushanbe

Як ронандаи мусофиркаши тоҷик дар Русия барои пизишкон бепул хидмат мекунад

Акс: аз видеои Фейсбук

Ронандаи микроавтобуси рақами 110 дар Волгоград табибон ва ҳамшираҳои беморхонаи Городниченскийро ройгон мебарад. Вай ҳатто аз табибон шаҳодатнома намепурсад: гуфтан кифоя аст, ки табиб ҳастӣ.

Ронандаи микроавтобус Исо Инязов, падари серфарзанд аз Тоҷикистон, моҳи июл ба кор баромад ва тасмим гирифт, ки дар мубориза бо COVID-19 саҳми кӯчаки худро гузорад – вай аз табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ пулро барои сафар намегирад. Бафикри ӯ табибон шоистаи миннатдорӣ мебошанд, ҳарчанд кам ҳам бошад.

ИМИ НУЖНО ГОРДИТЬСЯ! ВОДИТЕЛЬ МАРШРУТКИ ИЗ ТАДЖИКИСТАНА ВОЗИТ ВРАЧЕЙ И МЕДСЕСТЕР В ВОЛГОГРАДЕ БЕСПЛАТНО.🙏🙏🙏Водитель маршрутки № 110 Волгограда возит врачей и медсестер Городнищенской больницы бесплатно. Он у медиков не просит даже удостоверения: достаточно сказать, что вы – медик. Маршрутчик Иса Инуязов, многодетный отец из Таджикистана выйдя в июле на работу, решил внести свой маленький вклад в борьбу с COVID-19 — перестал брать деньги за проезд с врачей и медсестер. Он считает, что врачи достойны благодарности, пусть и такой маленькой.— Я решил, что должен быть благодарным. Медсестры и врачи ведь каждый день там в больнице в этих костюмах страшных, в масках работают. Мы видели по телевизору, как они там трудятся, переживают за народ, ухаживают за больными, — рассказал Иса. — Мы провели все это время дома, а они работали и заботились о нас, каждый день, каждую минуту думали о нашем здоровье.

Gepostet von Umed Boboev am Dienstag, 22. September 2020

Исо мегӯяд, мо ин ҳама вақтро дар хона гузарондем, онҳо бошанд дар тан либоси тиббӣ ва бо ниқоб кор мекарданд, ба мо ғамхорӣ мекарданд, ҳар рӯз, ҳар дақиқа дар бораи саломатии мо фикр мекарданд. Ӯ мегӯяд, дар ин кори хайраш зиёди зиёд 150 рубл зарар мебинад, вале ба назари ӯ ин камтарин корест, ки метавонад анҷом диҳад.

Ҳамасола ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик барои кор ба Русия мераванд. Гарчанде баъзе миллатгароҳо чеҳраи муҳоҷирон, хусусан чеҳраи муҳоҷирони тоҷикро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ талош мекунанд бад нишон дишанд, Вале дар асл муҳоҷирони тоҷик кушиш мекунанд ҳамавақт ба кумаки шаҳрвандони маҳаллӣ шитобанд.

Дар расонаҳо, хабари аз марг наҷот додани шаҳрвандони Русия аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик зиёд нашр шуда буд. Чанде пеш дар расонаҳои русӣ ва хориҷӣ корнамоиҳои муҳоҷирони тоҷик барои наҷот додани шаҳрвандони рус, аз обу оташ ва ҳамла тавсиф мешуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.