16.9 C
Dushanbe

Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русияро кӣ ва чаро зад?

Акс: Sputnik-tj

Ду корманди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав мавриди ҳамла ва лату кӯб қарор гирифтанд, ки дар натиҷа яке аз онҳо бинӣ ва ангушташ шикаста ва инчунин зарбаи мағзи сар бардоштааст.

Ҳамлагар боздошт шудааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС аз манбааш дар сохторҳои интизомӣ хабар дод.

“Рӯзи 24 сентябр хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳудуди сафорати Тоҷикистон ворид шуда, дар он ҷо бо ду корманди намояндагии дипломатӣ муноқиша кардааст. Ҳангоми муноқиша як корманди сафорат бинӣ ва ангушти дасташ шикастааст. Инчунин баъди ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки сараш низ зарб хӯрда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст ва ҳамлагар боздошт шуд “, – гуфтааст мусоҳиби ТАСС.

Ҷабрдидаҳо кормандони дипломатӣ набуданд – яке ронанда, дигаре ҳамчун мутахассиси пешбар кор мекунад. Полис нисбат ба боздоштшуда барои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ё режими будубош дар Федератсияи Русия протоколи маъмурӣ тартиб додааст. Ғайр аз ин, тафтиши пешакӣ оид ба ҳолати лату кӯб гузаронида шуда истодааст.

Хабаргузории “Asia-Plus” бо такя ба як манбаъи наздик ба Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия менависад, ки ин ду кормандро барои муносибати дағалона лату кӯб кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ гумонбаршуда  зодаи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшони Тоҷикистон будааст.

Сабаби ин ҳамла то ҳол расман шарҳ дода нашудааст, аммо манбаи “Asia-Plus” мегӯяд, сабабшро бино ба пурсиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия муносибати дағалона ва ғайриҳирфавии масъулони бахши қабули шаҳрвандони сафорат гуфтаанд.

“Онҳо гуфтаанд, ки пештар барои номнавис шудан дар рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба кишвар бармегарданд муроҷиат кардаанд, ки аз чор нафар се нафарашон билет дарёфт кардаанду як нафарашон не”.

Муносибати дағалонаи корманодони сафорати Тоҷикистон дар Русия бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Хусусан дар замони пандемия, ки парвозҳои чартерӣ ба роҳ монда шуда буд, масъалаи навбатпоии дарози муҳоҷирин ва фиреб хурдани аксари онҳо аз ҷониби шахсони наздик ба сафорат зиёд шунида мешуд ва ин ҳам бошад давоми ҳамон ҳодисаҳост.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро имсол таъйини Рамазон ихтилофи зиёдеро ба вуҷуд овард?

Шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ва ғайри он баҳси шадиде дар мавриди духули моҳи мубораки Рамазон ба вуҷуд омад.

Баррасии ҳамкориҳои сармоягузории ИА ва Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад.

Зодаи Душанбе муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон шуд

Дар Бишкек пас аз барканории Қамчибек Тошиев аз мансабаш раванди тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ идома дорад.

Коҳиши бесобиқаи иштироки тоҷикон дар барномаи “Переселения”-и Русия

Бино ба иттилои мақомоти Русия, таваҷҷуҳи шаҳрвнадони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба барномаи "Переселения" барои оилваӣ кӯчидан ба Русия бесобиқа коҳиш ёфтааст.