-1.1 C
Dushanbe

Мубориза барои адолатталабӣ идома дорад

azda.tv

Муборизаи cокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Холматова Маърифатхон барои дарёфти ҳақи худ бо мақомот идома дорад. Ӯ то ҳол ба тамоми мақомот дар шаҳри Хӯҷанд мактуб карда хостори расидагӣ ба қазияааш шуда аст. Аммо ҳамаи ин дархостҳо бенатиҷа будаанд.

Ӯ ба умеди он ки ниҳоди аз ҳама олии кишвар, Дастгоҳи раисҷумуҳури Тоҷикистон ба додаш мерасад, чанд бор ба унвони раиси он, Озода Раҳмон нома нома навишт, аммо багуфтаи худи ин сокини Хуҷанд, Озода Раҳмон ҳам ба қазияи ӯ расидагӣ накард.

Холматова Маърифатхон мегӯяд қасд дорад ба созмонҳои байнамиллаӣ муроҷиат кунад, чун дар дохили кишвар ҷуё шудани адолатро бефоида медонад.

Ба гуфтаи ин сокин, ҷавоби мақомот ҳамеша якҷониба буда, қазияро аз решааш намеомӯзанд. Аммо бо навиштани бештар аз 22 мактуб ба ниҳодҳои гуногун дар кишвар касе ба додаш нарисад ва ӯ мехоҳад, ки танҳо ҳақи худро чунон ки додгоҳ муқарар карда, ба даст биёрад.

Холматова аз молики “Бозори Сино”-и шаҳри Хуҷанд, шаҳрванд Юлдошев Азим шикоят мекунад. Ба қавли ин соҳибкорзан, молу мулки ӯ ва дигар тоҷирони “Бозори Сино”  чанд соли пеш бар асари сӯхтор несту нобуд шуд. Мақомоти дахлдор пас аз тафтишот муайян намуданд, ки сабаби сӯхтор хунукназарии худи молики бозор Юлдошев Азим будааст ва додгоҳ моликро муваззаф намуд, ки зарарро бояд ба тоҷирони бозор пардохт кунад.

Ин сокини Хуҷанд мегӯяд, бо вуҷуди он ки ҷиноятҳои Юлдошов А. тасдиқ шуда буд ва мебоист зарари тоҷиронро пардохт кунад, аммо пас аз чанде аз ҷониби муфаттишон ва прокуророн дидаву дониста ӯ бегуноҳ бароварда шуд ва баракс, ду ҷавонеро, ки аслан ба ин амали ҷиноятӣ ҳеч рабте надоштаанд, бо туҳмат онҳоро дар ин кор гунаҳкор дониста, зиндонӣ карданд.

Ба иддаои шаҳрванд Холматова барои он ки Юлдошевро бегуноҳ бароранд ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озодаш бикунанд, бо маслиҳати пешакӣ прокурору муфаттишон қарор бароварданд, ки Юлдошев Азим молики “Маркази савдои Сино” набуда, ӯ наметавонад зарарҳоро барқарор кунад. Ӯ навиштаст:

“Прокурори шаҳри Хуҷанд Воҳидов Ҳ. С ба (араизаи шикоятии) ман санаи 26.10.2018 с таҳти рақами №12/323а-18 ҷавоб додааст, ки Юлдошов А. роҳбар набуда, балки иҷорагар аст. магар иҷорагир фармон мебарорад ё дар вилояти Суғд ин корҳо шуданаш мумкин?”

Ин дар ҳолест, ки Шӯъбаи тафтишотии РВКД вилояти Суғд дар парвандаи ҷиноятии №51900 дар ҷилди 11 пас аз санҷиши шиносномаи Юлдошев Азим соҳибмулк ва раиси “Маркази савдои Сино” буданашро тасдиқ намуда буд, – мегӯяд Холматова.

Ногуфта намонад, ки то ҳол дар дасти “Аздо тв” оиди ин қазия хабари як тараф расидааст. Дар сурати расидани хабари тарафи муқобил, онро низ нашр хоҳем кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.