14.9 C
Dushanbe

Робитаҳо тақвият меёбанд. Ташрифи як ҳайати дигар аз намояндагони Узбекистон ба Душанбе

Акс: Gazeta.uz

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба як манбааш аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки як ҳайати бузург аз намояндагони воломақом аз аксар идораву вазоратҳои Узбекистон субҳи имрӯз 28 сентябр вориди Душанбе шуданд.

Гуфта мешавад, ин ҳайати ҳукумати Узбекистонро гурӯҳи сершумори тоҷирони узбек ҳамроҳӣ доранд, ки пагоҳ, 29 сентябр дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон иштирок мекунанд.

Ин ҳайат бо мақомоти тоҷик имрӯз дидору гуфтугӯ анҷом медиҳанд ва қарор аст масъалаи боз шудани марзҳо баррасӣ бишавад. Ичунин баҳси барқарор кардани парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Тошканд дар назар аст.

Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов дар раъси ин ҳайат ҳузур дорад. Дар хабар омада, ки тибқи барномаи сафар қарор аст, Абдулло Орипов аз ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон боздид намуда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дидору гуфтугӯ кунад. Баъд аз омадани Шавкат Мирзиёев ба раҳбарии Узбекистон, муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя беҳбуд ёфт.

Мирзиёев соли 2018 ба Тоҷикистон ташриф овард ва зимни сафараш чандин санадҳои ҳамкориро ба имзо расонид, аз ҷумла раводидро аз байн бардоштанд ва то 30 рӯз шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон метавонанд бе раводид ба хоки якдигар ворид шаванд, инчунин марзҳое, ки солҳо баста буданд боз гардиданд ва равуо байни шаҳрвандони ин ду кишвар осон гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.