21.9 C
Dushanbe

Мақомоти ноҳияи Вахш: агар Шумо арзатонро ба Президент бигӯед, шаъни моро паст мезанед

Занҳои деҳаи “Иттифоқ”-и ноҳияи Вахшро нагузоштаанд ба назди Президент раванд. Ин занҳо мегӯянд, вақте аз хонаҳоямон баромадем, хостем ба ҷойи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон равем, вале дар роҳ ба бархурди шадиди масъулин рӯ ба рӯ гардидем.

Дар ин хусус мақомоти ноҳияи Вахш аз шарҳи масъала канораҷуйӣ кардаанд. Ёдовар мешавем, ки Эмомали Раҳмон зимни сафари корӣ рӯзи 23 сентябр ба ноҳияи Вахш рафта буд.

Парвина Муқимова, як сокини деҳаи “Иттифоқ”-и Вахш ба Радиои Озодӣ гуфтааст: вақте аз хонаҳоямон берун шудем торик буд, вале пушти дарамон се мошин меистод ва як нафар бидуни шинос намудани худ гуфт, “ба маркази ноҳия наравед”.

“Мо гӯш надодем ва ба роҳамон рафтем, ки ҳар чӣ зудтар ба маҳалли мулоқоти президент бирасем, вале онҳо бо мошин аз паси мо омаданд. Яке аз онҳо аз дасти ман кашид, ба замин афтодам. Гуфтанд, ки “беомодагӣ куҷо меравед, шумо намедонед ба Президент чӣ мегӯед, агар чизе ҳам бигӯед, мо гап мешунавем”. Мо ночор аз роҳамон баргаштему ба хонаҳоямон омадем”,-  гуфтааст Муқимова.

Деҳаи  “Иттифоқ”-и ноҳияи Вахш, 320 хоҷагӣ дорад, мушкилии асосии ин деҳа  надоштани мактаб аст, ки ба гуфтаи сокинони ин деҳа фарзандонашон аз сбаби набудани мактаб ҳамарӯза аз 6 то 10 км роҳро тай карда ба мактаби ҳамсояқишлоқ мераванд, вале аз ҷониби мақомот то ба имрӯз чорае намеандешанд ва дар фикри фарзандони онҳо касе ҳам нест. Занҳо хостаанд, ки ин мушкилиашонро ба Президент расонанд, вале мақомоти ноҳияи Вахш онҳоро  нагузоштаанд, ки назди Президент раванд.

Ин бори авввал нест, ки сокинонро аз рафтан ба назди Президент боз медоранд ва намегузоранд арзашонро мустақиман бидуни омодагии қаблӣ ба раисҷумҳур бирасонанд. Имсол ҳангоми сафари Президент ба Вилояти Мухутор Кӯҳистони Бадахшон Сорбон Юноев, сокини 60-солаи ноҳияи Роштқалъаро ба назди Президент роҳ надодана буданд.

Ба гуфаи сокинони деҳаи “Иттифоқ” танҳо охирон умедашон барои ҳалли мушкилиҳояшон Президент буд, ки ба онҷо низ роҳ наёфтаанд ва ин деҳа ғайр аз ин чанд мушкилии дигаре низ доштаааст.

Сокинон гуфтаанд, “Мо мехостем аҳволи деҳаамонро ба Президент расонем. Мактаб надорад, нуқтаи тиббӣ надорад, бо барқ мушкил дорем. Дар вақти пахта об додан беоб мемонем, касе ба додамон намерасад. Вале ин додхоҳиашон натиҷа надод, намояндагони мақомот гуфтанд, ки “шаъни моро дар пеши Президент паст назанед”, аз ин рӯ, нагузоштанд ба мулоқот роҳ ёбанд.

Гуфта мешавад, сабаби то ба имрӯз бунёд наёфтани мактаб набудани қитъаи замин будааст.

Ин бори аввал нест, ки мушкилоти деҳаи “Иттифоқ” расонаӣ мешавад, чанде қабл низ сокинони деҳа ҳангоми сафари Президенд аз он шикоят карда банд, ки аз онҳо ба хотири пешвози Президент 20 сомонӣ пул талаб доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.