11.9 C
Dushanbe

Шарҳи ВКД: ба Раҳматилло Зойиров касе ҳамла накардааст, балки сагаш ӯро ба ҷӯй афтондааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як видео хабари лату кӯб шудани Раҳматилло Зойировро рад кард. Дар хабар шоҳиде, ки гӯё Зойировро дар ҳамон ҳолат дидааст, мегӯяд, раиси ҳизбро касе ҳамла накард, балки сагаш ӯро ба дохили ҷӯй афтондааст.

Дар ин видео ВКДТ шоҳид аз худ Давлатхуҷаев Қобилҷон Саидҷаъфарович ном бурда, мегӯяд, тӯли чанд сол аст бо Раҳматилло Зойиров ҳамсоя аст ва бо ӯ ҳеч хусумати шахсие надорад, ки дурӯғ гуфта бошад.

Ӯ мегӯяд, шоҳид будааст, ки дар таърихи 22 сентябри соли 2020 Раҳматилло Зойиров бо сагаш сайру гашт дошт, ки сагаш ногаҳон ӯро кашид ва ӯ дар дохили ҷӯй афтод ва пас аз лаҳзае худаш аз ҷой хеста ба сӯи хонааш рафт. Ба гуфтаи Давлатхуҷаев ӯ ин ҳодисаро аз наздик мушоҳида кардааст.

Хабаргузории “Sputnik” Тоҷикистон бо такя ба иттилои ВКД менависад, ки ин ниҳод оиди ин ҳодиса низ аз ҳамсари Зойиров пурсидаанд.

“Ҳамчунин ҳамсари Зойиров Р.Ҳ. шаҳрванд Каримова Мавзуна Тимуровна, 1959 с.т., сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, х.45/1, ҳ.27, чунин нишон дод, ки рӯзи 22 сентябри соли 2020 шавҳараш бегоҳирӯзӣ ба хона омад ва либосҳои ӯ дар лой олуда буд. Вақте, ки аз ӯ пурсон мешавад, ки чаро либосҳояш тару лойолуд аст, ӯ ҷавоб медиҳад, ки ба ҷӯйбор афтидааст. Дар бораи лату кӯб Зойиров Р.Ҳ. ба ӯ чизе нагуфтааст”, афзудааст ВУД.

Ин ниҳод гуфтааст, дар вақти санҷиши ҳаматарафа, ваҷҳҳои овардаи шаҳрванд Зойиров Р.Ҳ. тасдиқи худро наёфт.

Гуфта мешавад, айни замон аз ҷониби ШТ ШВКД-1 дар ноҳияи Сино оиди ҳодисаи мазкур санҷиши пешакӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод, ки соати 18:20-и рӯзи 22 сентябр ду нафар ба ӯ ҳамла кардаанд. Дар натиҷаи ин ҳамла Зойиров ҷароҳат бардошта, танҳо рӯзи дуввум тавонистааст аз ҷойгаҳ бархезад. Ӯ ин ҳамларо ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва интиқодҳое, ки аз ҳукумати Тоҷикистон мекунад, рабт додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Музокироти Амрико ва Эрон чӣ натиҷа медиҳад, ҷанг ё сулҳ?

Гуфтушунидҳои ғайримустақим байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар ҳоли ҳозир дар ҳолати ҳассос қарор доранд.

Дидору гуфтугӯҳои ҳайати ПМТ бо мақомоти расмии Литва

Ҳайати ПМТ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ зимни як сафарии кории серӯза дар шаҳри Вилнюси Литва бо мақомоти расмӣ, расонаҳо ва тоҷикони ин кишвар дидор доштанд.

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Microsoft ва Google дар самти ИИ 

Дар Ҳиндустон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо намояндагони ширкатҳои “Google DeapMind” ва “Microsoft” дар самти зеҳни сунъӣ дидор кард.

Боз як узви фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Туркия боздошт шуд

Фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" Фирӯз Бобоев (маъруф ба Зайд Бобоев) боз аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт шуд.