3.9 C
Dushanbe

Вазъи саломатии Раҳматуллоҳи Раҷаб дар зиндон вахим шудааст

Бино ба нашри сомонаи Ахбор, наздикони Раҳматуллои Раҷаб, яке аз роҳбарони зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) хабар доданд, ки чанд рӯз боз ҳарорати ӯ дар маҳбаси №1-и Душанбе аз 38-39 пойин намефарояд, вале Раҳматуллои Раҷабро то ҳол барои табобат ба қисми тиббӣ нагузарондаанд.

Нилуфари Раҷаб, духтари сиёсатмадори зиндонӣ гуфт, падараш рӯзи 29 сентябр дар як тамоси телефонӣ аз зиндон аз шадидан бад шудани аҳволи саломатиаш шикоят кардааст ва ӯ ҳоло ба маҳбас мешитобад, ки ба падараш доруву дармони лозимиро бирасонад.

Раҳматуллоҳи Раҷаб, собиқ раиси шуъбаи ҲНИТ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва раҳбари собиқи ситоби интихоботии ин ҳизб, соли 2015 дастгир ва дар соли 2016 ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе адои ҳукм мекунад.

Нилуфари Раҷаб рӯзи 29 сентябр дар як тамоси телефонӣ ба сомонаи “Ахбор” гуфт, ки аҳволи падараш дар маҳбас шадидан бад шудааст.

“Ӯ ҳақ дорад, ки ҳар рӯзи ҷумъа ва сешанбе ба мо занг бизанад. Рӯзи ҷумъа аз саломатиаш шикоят накард, вале ин дафъа бо гиря иқрор кард, ки аҳволаш чанд рӯз боз хеле бад аст ва табаш азз 38-39 пойин намефарояд ва гулӯдард азобаш медиҳад. Падарам гуфт, ки як ҳафта боз хоб рафта наметавонад, нафасаш мегирад ва фишораш ҳам 160 ба 100 шудааст. Гумон дорем, ки сангҳои гурдааш боз афтида истодааст ва ин ҳолашро зор кардааст. Мутаассифона, дар маҳбас доруе нест, ки ақалан табашро пойин баранд. Ҳоло ман доруву дармон бурда истодаам ба маҳбас, то ақалан дардашро таскин бахшанд”, – нақл кард духтари Раҳматуллои Раҷаб.

Нилуфари Раҷаб гуфт, падараш дар маҳбас аз чандин беморӣ азият мекашад, вале мақомоти Сарраёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлия дархости хонаводаи онҳо барои анҷоми томография ва рентгени падарашонро рад кардаанд.

“Мутаассифона, то ҳол падарамро бо вуҷуди чанд рӯзи бемориаш ба қисми тиббӣ нагузарондаанд. Ваъда додаанд, ки рӯзи чоршанбе мегузаронанд”, – гуфт Нилуфари Раҷаб.

Мақомоти маҳбаси №1 ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд. Моҳи май дар пайи дар расонаҳо чоп шудани хабари бад шудани аҳволи Раҳматуллои Раҷаб ӯ ва чанд маҳбуси дигари беморро барои табобат ба қисми тиббӣ интиқол дода буданд. Аммо он вақт мақомот иддаоҳо дар бораи гӯё ба коронавирус гирифтор шудани ин ва маҳбусони дигарро рад карда, гуфтанд, ки Раҳматуллои Раҷаб фақат шамол хӯрдааст.

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб 5-уми июни соли 1958 дар деҳаи Такназарии ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1982 Донишкадаи омӯзгории Душанбе ва соли 1990 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст.

Раҳматуллои Раҷаб дар замони Шӯравӣ дар кумитаи омори Тоҷикистон кор мекард. Ӯ соли 1990 ба ҷунбиши Растохез пайваст ва соли 1992 муовини мудири барномаҳои ТМТ – Телевизиони мардумии Тоҷикистон – таъйин шуд.

Ӯ солҳои 1994-1996 сармуҳосиби Иттиҳодияи давлатии кооперативии ГКО “Роҳсоз”, сипас солҳои 1999-2004 дар созмони имдодии “Mission East” фаъолият карда, солҳои 2005-2006 дар нашрияи “Миллат” кор кардааст. Раҳматуллои Раҷаб солҳои 2006-2007 дар чопхонаи ҶДММ “Рафиграф” ба ҳайси ҷонишини мудир кор карда, сипас дар ҲНИТ ба кори ҳизбӣ гузашт

Ӯ ҳамчун корманди Шӯъбаи кадрҳо ва омӯзиши сиёсии ҲНИТ фаъолият намуда, аз соли 2006 корманди Шӯъбаи интихоботӣ ва соли 2007 раиси Шӯъбаи интихоботии ҲНИТ кор карда, соли 2010 узви РО ҲНИТ шуд ва соли 2013 раиси ноҳияҳои тобеи марказӣ дар ҲНИТ интихоб шуд.

Раҳматуллои Раҷаб 16-уми сентябри соли 2015 ҳамроҳи 12 тани дигар аз роҳбарони ҲНИТ дастгир шуд ва моҳи июни соли 2016 бо ҳукми Додгоҳии олии Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Раҳматуллои Раҷаб ҳоло дар колонияи низомаш сангин дар Муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ адои ҳукм мекунад

Раҳматуллои Раҷаб соҳиби 5 фарзанд аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.