21.9 C
Dushanbe

Австрия дар истирдоди Ҳизбуллоҳ Шовализода ба Тоҷикистон ба хато роҳ додааст?

Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, як созмони қароргоҳаш дар Аврупо, гуфтааст, ки Австрия ҳангоми ихроҷи паноҳҷӯи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализода ба Тоҷикистон ба хато роҳ додааст ва имкони баргардондани ӯро баррасӣ дорад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар Аврупо, ба ин сомона гуфтааст:

“Вакилони мудофеъ дар Австрия маълумоти муфассалро дар бораи қазияи Ҳизбуллоҳ пешниҳод карданд. Маълум мешавад, мақомоти додгоҳии Австрия дар таҳқиқи қазияи ӯ беинсофона бархӯрд кардаанд. Инчунин, муносибати сарди мутахассисони идораи муҳоҷирати ин кишварро мушоҳида намудем.”

Ҳизбуллоҳ 29 сол дошта ӯро мақомоти Тоҷикистон ба узвият дар Ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷикистон, хиёнат ба давлат ва ғайра муттаҳам намуда, ба мӯҳлати 20 сол равонаи зиндон кардаанд. Дар ҳоле, ки масъулони ҲНИТ мегӯянд Шовализода ҳеҷ гоҳ узви ин ҳизб набудааст.

Дар хусуси узви ҲНИТ набудани Шовализода, Надежда Атаева мегӯяд, ки

“таҳқиқоти ҳамаҷонибаи Анҷумани ҳуқуқи башар дар Аврупо нишон медиҳад, ки Ҳизбуллоҳ Шовализода узви ин ҳизб набудааст ва додгоҳи Австрия таҳти таъсири хабари мақомоти Тоҷикистон ва Интерпол қарор гирифтааст.”

Пештар додгоҳи федеролии Австрия, истирдоди паноҳҷӯ Ҳизбуллоҳ Шовализодаро аз Вена ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ хонда, ҳукм содир намуд, ки ҳаққи вуруди ӯ ба ин кишвари аврупоӣ барқарор карда шавад.

Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯз 14-уми июл дар ҷавоб ба ин ҳукм гуфт, ки “қарори додгоҳи Австрия дар Тоҷикистон амал намекунад” ва қайд намуд, ки нисбати “Шовализода бар асоси далелҳои ҷамъоваришуда парвандаи ҷиноятӣ ва дар асоси кирдорҳои ғайриқонунии худ дар дохили Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуд”.  

Шовализода пештар аз кишвари Утриш дархости паноҳандагӣ кард, вале дархосташ рад шуд ва ӯро рӯзи 5 март баъди ду моҳи нигоҳ доштан дар боздоштгоҳи Вена ба мақомоти Тоҷикистон таслим карданд. Фаъолони тоҷик дар шаҳри Вена барои насупурдани Шовализода ба Душанбе эътироз карданд, вале мақомоти Австрия ӯро рӯзи 4 март ба Истамбул ва аз онҷо ба Душанбе фиристод.

Фаъолон мегуфтанд, дар сурати бозпас фиристодани ӯ ба Душанбе ӯро шиканҷаву зиндон интизор аст. Мақомоти Тоҷикистон даъво доштанд, ки дар бораи гунаҳкор будани Ҳизбулло Шовализода ба мақомоти Австрия далелҳо пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, номбурда чаҳорумин нафар аст, ки бо дархости онҳо ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.