1.9 C
Dushanbe

Сарбозон ҳангоми наҷот додани хонандаи мактаб худ ғарқ шуданд

Рӯзи 29 уми сентябр ду сарбоз дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯдхонаи Бартанг – як шохаи рӯди Панҷ ғарқ шудаанд.

Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, ду сарбози як қисми марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки гуфта мешавад, ба хотири наҷоти хонандаи мактаб аз ғарқшави талош карданд, вале худашон ғарқ шудаанд.

Мақомот гуфтаанд, ки хонандаи синфи 10-и мактаби деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшон бо қасди худкушӣ худро ба об андохта будааст. Масъули қисми марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон Ҳасан Раҷабов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, сарбозон талош кардаанд, ки он хонанда худашро ба об напартояд ва аз худкӯши онро наҷот диҳанд.

Дар идома иброз дошааст: “вақте хонандаи мактаб худашро ба об мепартояд, сарбозонро шояд виҷдонашон азоб медиҳад, ки барои наҷоти ӯ ба оби сард медароянд. Мумкин музаҳои вазнини сарбозӣ ва оби сард имкон надод, ки онҳо худ ва ин писарро наҷот диҳанд. Онҳо ҳамчун қаҳрамон ва чун сарбозони дилсӯз рафтор кардаанд”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сокинони Рӯшон сарбозонро ҷустуҷӯ доранд. Гуфта мешавад, ҷасади хонандаи мактаб пайдо гардидааст, вале сабабҳои қасди худкушӣ намудани ӯ то ҳол номуайян боқӣ мондааст. Сироҷиддин Ятимовро ду соли пеш аз шаҳри Душанбе барои хидмат ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бурдаанд.

Маҳастӣ Зуҳурова, хоҳари сарбоз Сироҷиддин Ятимов ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“Ба мо нақл карданд, ки додарам он бачаро розӣ мекунад, ки худашро напартояд. Он бача дар ҷояш меистад. Ҳамин лаҳза кадом хешашро мебинад, ки ба тарафаш меояд, дигар гапро гуш накарда, саросема худашро ба об мепартояд. Додари ман бисёр бачаи дилсӯз буд. Шояд дигар тоқат накард, ки тамошобин бошад. Ду сол пурра хизмат карда буд ва рӯзҳои наздик бояд бармегашт. Ҳоло мо мунтазири хабар ҳастем.”

Ҳамчунин падари Қандилҷон Воҳидов, сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон барои ҷустуҷӯи писараш ба ноҳияи Рӯшон рафтааст. Падари ин сарбоз Искандар Воҳидов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамроҳ бо сокинон ва кормандони мақомот писарашро ҷустуҷӯ доранд.

Ба гуфтаи падари ин сарбоз “Ҳамаи сокинон дар ҷустуҷӯйи сарбозон баромадаанд”.

Бино ба маълумотҳои интишор гардида, дар ним соли гузашта 34 нафар дар дарёву кӯлҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки бештари онҳо аз 17 то 35 сол доштаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

НБО “Роғун” ё гови ҷӯшоии Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо оилааш лоиҳаи дорои аҳамияти миллиро ба сарчашмаи оддии ғорати сарвати миллат табдил додааст.

Нигоҳе ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024

Мушкилоти муҳоҷирон дар кишварҳои ИДМ, таварруми пули миллӣ ва таъсири он  дар иқтисоди кишвар аз ҷумлаи чолишҳои бузурги соли 2024 буд.

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...