7.9 C
Dushanbe

Дар Қирғизистон эътирозгарон Кохи Парлумонро оташ заданд

Дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон эътирозҳо рӯзи 5 октябр бо иштироки ҷонибдорони ҳизбҳое шурӯъ шуд, ки дар интихоботи маҷлиси қонунгузории кишвар садди ҳафтфоизаро нагузаштанд. Аз 16 ҳизбе, ки дар овоздиҳӣ ширкат варзиданд, танҳо чортоаш тавонистанд онро пушти сар кунанд. Эътирозгарон бо натиҷаҳои интихобот розӣ нестанд ва интихоботи такрориро талаб карданд.

Шоми 5 октябр чанд ҳазор нафар дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳр – Ала-Тоо ҷамъ омаданд. Намояндагони ҳизбҳои «Ата Мекен», «Бир Бол», «Республика», «Мекенчил», «Бутун Кыргызстан», «Замандаш», «Реформа», «Ыйман нуру», «Чон казат», «Мекен Ынтымагы», «Ордо» ва сотсиал-демократҳо талаб карданд, ки Комиссияи марказии интихобот интихоботи нав баргузор кунад.

Эътирозҳо ба задухӯрд бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз водомёту норинҷакҳои садодори махсус истифода кардаанд, авҷ гирифт. Эътирозгарон ба сӯи нерӯҳои амниятӣ санг андохтанд, ВАО дар бораи истифодаи “коктейлҳои Молотов” хабар дод.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар натиҷаи ошӯбҳо як нафар ҳалок ва 590 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Наздиктар ба шаби 6 октябр, эътирозгарон тавонистанд ба Кохи Сафед, ки дар он ҷой парлумони Қирғизистон ва маъмурияти президент ҷойгираст, ворид шаванд. Баъдтар, дар бино сӯхтор ба амал омад. Ба гуфтаи тазоҳуркунандагон, шахсони номаълум як идораро оташ задаанд, сипас оташ ба дигар биноҳо паҳн шудааст.

Қисми дигари эътирозгарон ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ омаданд, ки дар он ҷо президенти пешин Алмосбек Отамбоев, ки дар СИЗО нигоҳдорӣ мешуд, ва бо иттиҳоми фасод ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд,  тазоҳургарон дарвозаҳои биноро шикаста, президенти собиқро аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод карданд. Бо дархости тазоҳургарон, собиқ сарвазири ҷумҳурӣ Сапар Исаков ва собиқ депутат Содир Ҷапаров низ озод карда шуданд.

Пас аз гузоришҳо дар бораи ҳамла ба бинои Кохи Сафед, хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар дод, ки Жээнбеков дар Бишкек аст ва “бо тамоми нерӯҳои сиёсӣ муколамаҳои инфиродӣ анҷом медиҳад”. Президенти Қирғизистон эътирозгаронро ба хунсардӣ ва оромиш даъват кард.

Сооронбой Жээенбеков ба Комиссияи марказии интихоботии ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки маводҳои марбут ба қонуншиканӣ дар интихоботро омӯзад ва истисно намекунад, ки натиҷаҳо бекор карда мешаванд. Вай эътирози мардум дар Бишкекро кӯшиши ғасби ғайриқонунии ҳокимият номид, аммо дар айни замон гуфт, ки ба нерӯҳои амниятӣ амр додааст, ки ба сӯи эътирозгарон оташ накушоянд.

Дар ин авохир ҳизбҳое, ки дар интихоботи парлумонӣ шикаст хӯрданд, нияти ташкили ҳукумати нав ва интихоби сарвазири навро эълон карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.