-0.1 C
Dushanbe

Шокирҷон Ҳакимов: дар Тоҷикистон касе барои натиҷаҳои интихобот эътироз намекунад

Дар пасманзари эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қирғизистон ва шӯриши мардум, Шокирҷон Ҳакимов сиёсатмадор ва муовини раиси ҲСДТ, дар суҳбат бо “РИА Новости” гуфтааст, дар Тоҷикистон баъди эълони натиҷаҳои интихоботи президентии 11 октябр ҳеҷ эътирозе намешавад.

Ба гуфтаи Ҳакимов, мақомоти қудратӣ дар сурати сар задани тазоҳурот метавонанд зуд ташкилкунандагон ва идеологҳоро ҷазо диҳанд, Он имконоте, ки мақомоти қудратии кишвар дорад, сабаби дигари ғайриимкон будани тазоҳурот аст”.

Дар идома иброз доштааст, ки “Амалҳои эътирозӣ ва гирдиҳамоии онҳое, ки аз натоиҷи интихоботи президентии Тоҷикистон норозианд, ғайриимкон аст, аксари сокинони кишвар то ҳол ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 – ро дар ёд доранд”.

Ин дар ҳолест, ки дар Қирғизистон баъди эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии ин кишвар, ки ғайр аз ҳизбҳои наздик ба ҳукумати кунунӣ ҳизбҳои дигар роҳ наёфтанд, эътирозҳо ба вуҷуд омад. Эътирозгарон ба бинои  Парлумон ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ворид гардида, онро тасаруф карданд. Ва президенти собиқи ин кишвар Алмосбек Отамбоевро, ки дар бинои КДАМ нигаҳдорӣ мешуд, раҳо намуданд.

Рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва 4 номзад аз ҳизбҳои “гапдаро”-и ҳукумат дар интихобот сабқат мекунанд. Инҳо Рустам Латифзода (ҲАТ), Эмомалӣ Раҳмон (ҲХДТ), Мироҷ Абдуллоев (ҲКТ), Рустам Раҳматзода (ҲИИТ) ва Абдухалим Ғаффоров (ҲСТ) мебошанд.

Саидҷаъфар Усмонзода намоянда аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳарчанд тавонист имзоҳои кофиро ҷамъ орад, аммо аснои пешниҳод намудан ба КМИР, намояндагони ин комиссия дар гирдоварии имзоҳо ҷой доштани қонуншиканиро пайдо намуданд. Ҳамин тавр, Усмонзода аз имкони иштирок дар интихоботи президентӣ маҳрум шуд.

Ҳамчунин намояндаи ҷавон аз ВМКБ Фаромуз Иргашев, ки низ даъвои иштирок кардан дар интихоботи қарибулвуқӯро намуда буд, ба далели ҷамъ наовардани имзои кофӣ аз сабқат канор рафт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳҳо миллион доллар кумаки навбатии Чин ба Тоҷикистон

Давлати Чин бо сармояи даҳҳо миллион доллар ба мазбонони тоҷик дидбонгоҳҳо месозад.

Агар мошинат суғурта надошта бошад, тавассути камераҳои роҳ муайян мешавад

Аз ин пас агар дар Тоҷикистон мошинат аз ташхиси тахнекӣ нагузашта бошад, бидуни пурсиши пулис камераҳо онро муайян карда метавонанд.

Роҳи байналмилалии Рӯшон-Варшез бо сармоягузорӣ кӣ сохта мешавад?

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Бонки рушди исломӣ дар робита ба амалӣ сохтани лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, қисмати Рӯшон-Варшез гуфтугӯ карданд.

Вуруд ба Русия — танҳо бо суғурта!

Вакили рус пешниҳод карда, ки барои муҳоҷирони корӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия доштани суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС) ҳатмӣ карда шавад.