Чаро дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо нафарро ҷарима бастанд?

Сурат: Радиои Озодӣ

Дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 нафар сокинонро ба хотири риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва надоштани ниқоби тиббӣ ҷарима кардаанд.

Сардори шӯъбаи санитарию эпидемиологӣ шаҳри Хуҷанд Раҳмон Муҳаммадиев, ба “Sputnik” гуфтааст:  “Санҷишҳои гурӯҳи корӣ дар бозору мағозаҳо ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятӣ собит намуд, ки баъзеҳо дидаву дониста қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд. Дар умум моҳи сентябр нисбати 101 нафар барои хунукназарӣ дар иҷрои қоида ва меъёрҳои беҳдоштӣ, дар асоси кодекси маъмурӣ онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Фаъолият дар ин самт ҳоло идома дорад”.

Гуфта мешавад, илова бар ҷарима шудани сокинон, ҳамчунин фаъолияти шаш адад туйхонаҳо бо сабаби риоя накардани меъёрҳои беҳдоштӣ ва риоя накардани танзими иштирокчиёни маъракаҳои арӯсӣ дар замони “вируси карона” боз дошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Радиои Озодӣ аз манбааш аз Вазорати корҳои дохилӣ навишта буд, ки зиёда аз се ҳазор нафарро ба хотири риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе ҷарима кардаанд, Вазорати корҳои дохилӣ ин хабарро рад карда буд.

Баъд аз тағйиру иловаҳо ворид намудани Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ), моддаҳои 112 (риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ) ва 113 (риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ҷарима кардан ба ҳукми анъана даромад.

Аз ҷумла дар қисми 1-и моддаи 113 бе ниқоб ҳузур доштанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шароити буруз ва густариши маризиҳои ба одам хатарнок ё замони иҷрои тадобири қарантинӣ ҷарима дар ҳаҷми аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мутаносибан 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Литва қабули дархости нави муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро боздошт

Давлати Литва қабули дархостҳои нави муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт.

Русия қоидаҳои ҷалби муҳоҷирони кориро сахттар мекунад

Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кардааст, ки аз соли 2027 дар баъзе соҳаҳо шумори коргарони хориҷӣ дар 10 минтақаи кишвар коҳиш дода шавад.

Музокироти Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишасти СММ: Оё сулҳе дар роҳа аст?

Амрико ва Эрон рӯзи 22-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокирот анҷом доданд.

Русия интиқоли дизелро ба Тоҷикистон афзоиш дод

Моҳи августи соли 2026 Русия ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст.