7.9 C
Dushanbe

СБП: Тоҷикистон барои ҳисобот додан ҳам кумаки фаннӣ дархост кардааст

Сурат: imf.org 2016

Сандуқи байналмилалии  Пул (IMF)  мӯҳалти қарзи 28 кишвари фақиртарин дунёро дар замони пандемия дарозтар кард, ки Тоҷикистон ҳам ба он шомил аст.

Ҳамчунин Сандуқи байналмилалии пул барои ёрӣ ба кишварҳои фақиртарини дунё, «Хазинаи боварӣ ва пешгирӣ аз фалокат»-ро таъсис додааст, ки Тоҷикистон низ дар баробари Афғонистону Яман ва кишварҳои африқоӣ аз он баҳра хоҳад бурд.

Рӯзи 5 октябр Шӯрои мудирони СБП дар як тасмими худ  гуфта буд, кумакҳо ба кишварҳои фақир аз ин хазина барои ним соли дигар тамдид карда мешавад. Моҳи майи соли равон СБП ба Тоҷикистон  189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз дода буд.

Ҳамчунин дар назар аст, Сандуқи байналмилалии пул аз «Хазинаи боварӣ ва пешгирӣ аз фалокат» ба Тоҷикистон грант ва ё кумаки бебозгашт ҷудо кунад, то  ҳоло маълум нест ба Тоҷикистон чӣ қадар пул медиҳад.

Замони ҷудо кардани 189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз СБП гуфта буд, Тоҷикистон бояд дар бораи харҷи ин маблағ ҳар се моҳ гузориш диҳад ва матни он манзури омма шавад. Аз замони ҷудо шудани қарз се моҳ гузашт, вале Тоҷикистон аз чигунагии харҷи он ҳисобот надодааст. СБП навиштааст, Тоҷикистон барои ҳисобот додан ҳам кумаки фаннӣ ё техникӣ дархост кардааст.

Интизор меравад, пас аз расонидани чунин ёрӣ ба Тоҷикистон охири моҳи октябр гузориши аввал дар бораи шаффофияти харҷи маблағҳо нашр шававад.

Ба гуфтаи иқтисоддони СБП камомади буҷаи Тоҷикистон имсол афзоиш ёфта, то охири сол метавонад, аз 350 то ба 500 миллион доллар расад. Ба ибораи дигар, ба буҷаи соли 2020 ва пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 350 то 500 миллион доллар нахоҳад расид.

Рӯзи 6-уми октябир гузориши нави СПБ нашр шуд, ки гуфта мешавад, «таъсири амиқ ва манфии» пандемияи COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон идома дорад.

Айни замон қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 96 миллион доллар расидааст, ки  ҳар сокини кишвар ба ҳисоби миёна 330 доллар қарздоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.