Коршиносони “EastFruit” аз Осиёи Марказӣ дар як таҳқиқ муайян кардаанд, ки рӯйдодҳои ахири Қирғизистон ба тиҷорат ва хариду фурӯши сабзавоту меваи тамоми минтақа таъсири ҷиддӣ расониданд.
Ба иттилои сомонаи “EastFruit” айни ҳол мавсими содироти ангуру хурмо, инчунин пиёз аз Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардид. Пештар содирот аз Тоҷикистон ба Русия тариқи Қирғизистон ва Қазоқистон (бо сабаби коронавирус ин хатсайрҳо амал мекарданд, лекин баъди эътирозҳо сарҳади Қирғизистон баста шуд) сурат мегириф, акнун содиркунандагони сабзавоту мева маҷбур шудаанд, ки хатсайрҳои навро, аз ҷумла тариқи Ӯзбекистон пайдо кунанд.
Коршиносони “EastFruit” дар идома иброз доштаанд, ки “Аммо ин тиҷоратро душвор мегардонад, зеро дар сарҳад ронандагон бояд аз коронавирус тест супорида, натиҷаҳои онро интизор шаванд. Ин дар навбати худ арзиши боркашонӣ ва хавфи вайроншавии маҳсулотро дар роҳ хеле зиёд мекунад”.
Ба назари ин коршиносон нархи маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла ангуру хурмо дар Тоҷикистон ба гумон аст, ки боло равад, зеро дар ин ҳолат қисмати зиёди маҳсулот ба бозори дохилӣ ворид мешавад.
“Аз ҷониби дигар, яқинан себ қимат мешавад, зеро Тоҷикистон барои истеъмоли дохилӣ себро аз Қирғизистон мехарад”, навиштааст, сомонаи EastFruit.
Тибқи оморҳои интишоргардида нисбат ба 8 моҳи соли 2019 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 34,4% кам шуда, ҳамагӣ 25 млн долларро ташкил додааст.
Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба маблағи каме бештар аз 5,8 млн доллар молу маҳсулот содирот гардида, аз Қирғизистон ба кишвари мо ба маблағи зиёда аз 19,1 млн доллар молу маҳсулот ворид шудааст.