Иттиҳоди Аврупо дар қазияи Навалний алайҳи мақомоти Русия таҳрим ҷорӣ кард

Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои “заҳролуд” кардани мунаққиди Путин Алексей Навалний бо заҳри “Новичок” алайҳи шаш мақоми баландпояи Русия ва як маркази таҳқиқоти кимиёвӣ таҳримот ҷорӣ кард.

Бино ба навиштаи ВВС форсӣ, Александр Бортников, раҳбари Хадамоти Амниятии Русия (ФСБ) ва ду муовини вазири дифоъ аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки ИА бо масдуд кардани дороиҳо ва манъи вурудашон ба ИА, алайҳашон таҳрим эълон кардааст.

Навалний, ​​ки дар Берлин табобат мешавад, президенти Русия Владимир Путинро дар заҳролудшавияш айбдор кард. Аммо Кремл даст доштан дар ин қазияро рад мекунад. Вазирони умури хориҷаи ИА рӯзи душанбе бо исрори Фаронса ва Олмон дар мавриди таҳримҳо ба мувофиқа расиданд.

Фаронса ва Олмон гуфтаанд, онҳо мутмаинанд, заҳре, ки Новалний масмум шудааст, аз як муассисаи давлатии Русия берун омадааст.

Дар баёнияи рӯзи панҷшанбеи ИА чунин омадааст: “Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Алексей Навалний пас аз заҳролудшавӣ таҳти назорат буд, мантиқӣ аст, ба чунин хулоса омадан, ки заҳролудшавӣ танҳо бо иштироки Хадамоти федералии амнияти Русия имконпазир будааст”.

Ҳукумати Русия бо хулосаҳои мутахассисони аврупоӣ дар хусуси истифодаи силоҳи кимиёвии заҳри сахттаъсири навъи Новичок, ки тавассути олимони Шӯравӣ дар давраи Ҷанги сард сохта шудааст, розӣ нест. Ҳамзамон дар изҳороти ИА омадааст, ки таҳримҳо бахше аз чораҳои муқобила бо “паҳншавӣ ва истифодаи силоҳи кимиёвӣ” мебошанд.

Алексей Навалнии 44-сола рӯзи 20 август ҳангоми парвоз аз Сибир ҳолаш бад шуд, баъд аз нишасти изтирории ҳавопаймо дар шаҳри Омск ӯро ба бемористони шаҳр бурданд ва баъдан ба бемористони Шаритаи шаҳри Берлини Олмон интиқол ёфт.

Наздиконаш ибтидо гумон карданд, ки ӯ дар фурудгоҳи Томск тавассути чой заҳролуд шудааст, аммо баъдан хабар дода шуд, ки осори заҳри Новичок дар шишаи кабуд дар утоқи ӯ дар Томск пайдо шудааст.

Чанд ҳафта қабл Навалний аз беморхонаи Шарита дар Берлин, ки онҷо табобат мегирифт, мураххас шуд, аммо то ҳол барои сиҳати комил ёфтан таҳти назорати табибон ва равоншиносони Марказ қарор дорад.

Манбаъ ВВС – и форсӣ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабиб Нурмагомедов: Ба далели ҳимоят аз Фаластин сарпарастонро аз даст додем

Ҳабиб Нурмагомедов мегӯяд, ба сабаби ҳимоят аз Фаластин ва...

Кушта шудани як зодаи Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина

Дар ҳамлаи паҳподии шаби 9-ум ба 10-уми август ба шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористони Русия як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд.

Додгоҳи Сурия Башор Асадро ба қатл маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноятии Сурия собиқ президенти ин кишвар Башор Асадро ғоибона ба ҷазои қатл маҳкум кард.

Низоми нав: Агар муҳоҷир андозро напардохт накунад, патенташ автоматӣ бекор мешавад

Дар Русия низоми нави ба таври худкор беэътибор донистани патенти кории шаҳрвандони хориҷӣ ба кор оғоз кард.