Рӯзи 17 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанди Вилояти Суғд иди Меҳргон бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ин бора аксари расонаҳои давлатиӣ ва ғайри давлатӣ хабар доданд. Телевизиони Мир 24 низ дар ин маврид гузориш дод.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки рӯзи 17 октябр дар чорчӯби ҷашни иди Меҳргон дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон, озмуни “Ошхӯри беҳтарин” баргузор гардидааст.
Гуфта мешавад, ғолиби озмун ҳамоне дониста мешуд, ки як табақи калони ошро дар давоми 5 дақиқа ва пештар аз дигар довталабон тановул кунад. Ҳукумати вилояти Суғд барои иштирокчиён дар як дег ду тонна ош таҳия карда буд.
Тибқи ин гузориш озмуни “Ошхӯри беҳтарин” дар Суғдро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он қарор дошт, доварӣ кардааст.
Ҳамчунин дар иди Меҳргон низ дар вилояти Хатлон озмуни “Ошхурӣ беҳтарин” гузаронида шудааст. Коршиносн ин озмунҳову идҳоро як харҷи зиёдатӣ ва бемаврид унвон мекунанд.
Як коршиноси масоили иҷтимоӣ ба шарти зикр нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт:
“Дар шароите, ки ҷаҳонро вируси корона иҳота кардааст ва мавҷи дуввуми он оламро таҳдид дораду ҳама бонги хатар задаанд, Ҳукумати Тоҷикистон чорабиниҳоро бо таҷаммӯи мардум, ҳатто бо ҳузури худи раисҷумҳур баргузор мекунад. Айнан ҳамон кореро анҷом медиҳанд, ки дар аввали пайдоиши ин вирус дар моҳи марти соли равон карда буданд. Он замон қариб ҳама олам қарнтина эълон карда буд, мардум аз хонаҳо намебаромад, вале Тоҷикистон иди Наврӯзро дабдабанок ҷашн гирифт, ки дар натиҷа вирус паҳн шуду чандин шаҳрвандон, аз ҷумла шахсиятҳои маъруф, олимон, табибон ва ғайраро аз даст додем. Ва ҳоло шоҳиди онем, ки қариб ҳамарӯза Ҳукумат аз зарбаи сахти короно ба буҷаи давлат мегӯяд. Барои масъулони вилояти Суғд ва дар умум ташкилкунандагони ин гуна ҷашнҳои бемавриди серхарҷ дарс нагардид, боз мардумро дар як ҷо ҷамъоварда озмуни “Ошхӯри беҳтарин” ташкил карданд, ки ин дар ин замони буҳронӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи мардуму Ҳукумат нест.”