12.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон 43 дарсад аз интиқоли барқ ба хориҷи кишварро коҳиш дод

“Барқи тоҷик” эълон кардааст, ки аз сабаби коҳиши содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон кам шудани мизони оби вурӯдӣ ба садди нерӯгоҳи барқи обии Норак мебошад.

Ба гуфтаи “Барқи тоҷик” Тоҷикистон имсол содироти барқ ба се кишвари ҳамсояро ба мизони 43 дарсад дар муқоиса ба соли гузошта коҳиш додааст.

Бино ба навиштаи сомонаи “Авеста” имсол арзиши молии содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон 48 миллиону 326 ҳазор доллар будааст, ки соли гузашта он 85 миллиону 300 ҳазор долларро дарбар мегирифтааст.

Аз ин рӯ, мизони содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистону Ӯзбекистон дар шаш моҳи нахусти имсол нисбат ба соли гузашта аз 345 миллион киловат соъат коҳиш ёфта ба 912.4 миллион киловат соъат расид ва Душанбе наметавонад ба таъаҳҳудоти хеш дар бораи интиқоли барқ ба ин ду кишвари ҳамсоя амал кунад, хабар додааст  Авеста.

Масъули “Барқи тоҷик” маълумот дар бораи ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Узбекистон ва дигар кишварҳо дар соли 2020-ро ошкор намегӯянд. Масъалаи содироти ношаффофи нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя на як бору ду бор мавриди интиқоди расонаҳо ва коршиносон қарор гирифтааст. Гуфта мешавад маблағҳои зиёде аз ин ҳисоб мустақим ба суратҳисобҳои офшории нафарони аввали кишвар меравад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.

Ихроҷи 6 ҳазор муҳоҷир аз Русия дар як моҳ

Мақомоти Русия тасмим гирифтаанд тақрибан 6 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз кишвар ихроҷ кунанд.

Муҳоҷирон дар Русия: Корфармо шиносномаҳоро гирифта, маошро ҳам намедиҳад

Гурӯҳе аз муҳоҷирони кории Ҳиндустон дар шаҳри Санкт-Петербург иддао доранд, ки корфармои рус шиносномаҳои онҳоро гирифта, на маошашонро медиҳад ва на шиносномаҳоро бозпас мегардонад.

Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ аз  маблағгузориҳояш дар Тоҷикистон ҳисобот гирифт 

Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар Вашингтон мулоқот кард.