Чаро парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Чин барқарор нашуд?

Сурат: vk-smi.ru

Ширкати “Сомон Эйр” то ҳол аз Чин иҷозаи парвоз дастрас накардааст, мақомот мегӯянд, билетҳо дар фурӯшанд, вале дар нуқтаҳои билетфурӯши билет нест.

Икром Субҳонзода роҳбари Агентии авиатсияи грждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтааст:

“Билетҳо ба хатсайри Душанбе – Урумчӣ аллакай дар фурӯш ҳаст. Вобаста ба шумори мусофирон хатсайрҳои мустақим дар ду ҳафта як маротиба аз ҷониби ширкати тоҷикистонии “Somon Air” ва ширкати “China Southern Airlines”-и Чин анҷом дода мешаванд”.

Икромзода дар бораи рӯзи парвози нахустин тариқи ин хатсайр маълумоти мушахасе надодааст.

“Азия-Плюс”, аз манбааш аз ширкати “Сомон Эйр” навиштааст, ки то ҳол барои анҷоми парвоз аз мақомоти авиатсионии Чин ба ширкати ҳавомаймоии Тоҷикистон иҷозат надодаанд.

Ба гуфтаи манбаи “Азия-Плюс” “Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” анҷоми парвоз тариқи хатсайри Душанбе – Урумчиро охири моҳи октябр ба нақша гирифта, лекин аз ҳукумати Чин то ҳол иҷозаи нагирифтааст. Аз ин рӯ, дар нуқтаҳо алҳол билет фурӯхта намешавад”.

Дар маказҳои чиптафурӯшӣ гуфтаанд:

“Алҳол ба ин самт билет нест. Мо огаҳем, ки парвозҳо бо ин хатсайр барқарор шудаанд, лекин ягон хатсайр нест, умедворем, ки то охири моҳ хатсайрҳо муайян мешаванд”.

Икром Субҳонзода чанде пеш ба “Ховар” гуфта буд, ки пас аз танаффуси ҳафтмоҳа Тоҷикистону Чин парвозҳои мустақимро тариқи хатсайри Душанбе-Урумчӣ барқарор намуда, парвози аввалин нимаи моҳ пешбинӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд шумораи муҳоҷиронро маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод карданд, ки сиёсати муҳоҷиратӣ боз ҳам сахттар ва шумораи хориҷиён то 3 миллион кам карда шавад.

Бо дастури Эмомалӣ дар Турсунзода барои узбекзабонҳо мактабҳои нав бунёд шаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маориф дастур додааст, ки бо дарназардошти шумораи узбекзтаборон дар кишвар, барои онҳо мактабҳои махсус бунёд намуда, маводи таълимӣ бо забони узбекӣ таҳия кунанд.

Аз нафт то иттиҳоди форсизабонон: Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Эрон дар бораи имзои як созишномаи дарозмуддат барои таъмини маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...