Шӯрои уламои мусалмонони Русия марокизи фатво

Албир Крганов сурат: РИА Новости / Александр Натрускин

Шӯрои уламои мусалмонони Русия дар 18 минтақаи кишвар барои муҳоҷирон Маркази имдодрасонӣ ифтитоҳ мекунад. Тамоми муҳоҷирон новобаста аз мазҳабу миллаташон метавонанд муроҷиат кунанд.

“РИА Новости” хабар дод, ки дар Русия Маркази ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон аз ҷониби Шӯрои уламои мусалмонони Русия ифтитоҳ мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар Марказ, барои муҳоҷирон телефони боварӣ фаъол шуда, ки онҳо новобаста аз миллат ва мазҳабашон метавонанд ба он занг зада, кӯмак дарёфт кунанд, барои муроҷиат будубоши қонунӣ ё ғайриқонунии муҳоҷирон муҳим нест, навиштааст “РИА Новости”.

Раиси Шӯрои уламои мусалмонони Русия Албир Крганов гуфтааст, ин лоиҳа дар 18 минтақаи Русия ба роҳ монда шудааст.

“Дар давоми чанд ҳафта мо сомонаи “Росмигрант.рф”-ро бо чанд забон роҳандозӣ мекунем. Дар он ба масоили муҳоҷиратӣ маълумот дода, хоҳишмандон метавонанд ба саволҳояшон тариқи WhatsApp, Viber ё тариқи паёмак посух гиранд”, – изҳор доштааст Крганов.

Раиси Шӯрои уламои мусалмонони Русия дар идома гуфтааст, ба муҳоҷироне, ки дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд бояд кӯмак кард, то тибқи қонунгузории кишвар будубошашонро танзим диҳанд.

Крганов дар идома иброз доштааст, ки дар бештари ҳолатҳо ин муҳоҷиронро корфармоён истифода мебаранд ва шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд аз ҳуқуқҳояшон ҳимоя кунанд.

“Мо ҳама якҷо барои ҳалли мушкилии эшон кӯшиш хоҳем кард, зеро мақсади мо кӯмак аст, на ҷарима ва ё ихроҷ”, –  гуфтааст, Крганов.

Дар идома раиси Шӯрои уламои мусалмонони Русия иброз доштааст, ки дар навбати худ Шӯрои уламои мусалмонони Русия бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сафоратхонаҳо, ВКД, ки ин лоиҳаро пешниҳод кардаанд, ҳамкорӣ мекунад. Ин амал ифротгароӣ ва ҷиноятро пешгирӣ мекунад ва муносибатҳои байниқавмӣ ва байнимазҳабиро қавӣ мегардонад ва боиси зудтар одат кардани муҷоҳирон ба муҳити Русия мегардад.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Шӯрои уламои мусалмонони Русия давоми пандемияи коронавирус ба муҳоҷирон кӯмаки моддӣ низ расонидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

СММ ва Афви Байналмилал аз Толибон хостанд таркиши Кобул таҳқиқ шавад

СММ аз мақомоти Афғонистон хост, ки таркиши рӯзи 17-уми август дар ғарби Кобулро ҳамаҷониба ва бетарафона таҳқиқ кунанд.

Дар Полша низ мехоҳанд сиёсати муҳоҷиратиро сахттар кунанд

Сарвазири пешини Лаҳистон Матеуш Мораветский дар як ҳамоише дар Варшава барномаи нави муҳоҷиратии иттиҳоди сиёсии "Rozwój Plus"-ро муаррифӣ кард.

Трамп аз оғози фишорҳои нави иқтисодӣ алайҳи Эрон хабар дод

Трамп субҳи 20-уми август эълон кард, ки Вашингтон барномаи нави фишорҳои иқтисодиро алайҳи Эрон оғоз мекунад.

Оё дар Русия “патент” барои муҳоҷирон бекор мешавад?

Дар Русия мехоҳанд низоми муҳоҷирати кориро ба таври куллӣ тағйир диҳанд.