Дар Тоҷикистон бонки наве ба кор оғоз мекунад. Оё мардум ба низоми бонкдории Тоҷикистон бовар доранд?

Сурат: Фейсбук

Дар Тоҷикистон дар замони буҳронӣ ва фурупошии бонкҳо як бонки нав бо номи “Саноатсодиротбонк” таъсис гардидааст.

Бино ба навиштаи сомонаи бонки милии Тоҷикистон, бо қарори Раёсати ин бонки аз 21 октябри соли 2020, таҳти №140, мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 ва 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Сурат: Фейсбук

Гуфта шудааст, “Саноатсодиротбонк” аз ҷониби “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст, ки ҳадафи аслии он дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ гуфта мешавад.

Дар хабари Бонки миллӣ омада, ки “Ҷамшед Нурмаҳмадзода Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни супоридани Иҷозатнома ба раиси Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳокимшо Ҷурахон барои васеъ кардани доираи фаъолият дар манотиқи кишвар, таъсиси филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии нав, изҳори боварӣ кардааст”.

Таъсиси ин бонк дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон тайи чанд соли  охир бонкҳо дар буҳрони молявӣ гирифторанд, бузургтарин бонкҳо, Тоҷиксодиротбонк ва Агроииственбонк дар ҳоли аз байн рафтананд. Чанде пеш Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) низ ба Тоҷикистон машварат дода буд, ки ин бонкҳоро муфлис эълон намояд.

То ба имрӯз дар Тоҷикистон ду бонки бузургтарин, Фононбнк ва Тоҷпромбонк барҳам хурдананд.

Ҷамшед Зиёев, раиси “Тоҷпромбонк”, моҳи апрели соли 2018 бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва “аз худ кардани маблағҳои бонк” дастгир шуда буд. Ӯ маблағи 103 миллион сомонӣ (муодили беш аз 10 миллион доллари амрикоӣ) амволи худро дар ихтиёри ин бонк гузошта буд.

“Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” аз соли 2015 дучори буҳрон шуда, дар бозгардондани пасандози амонатгузорон оҷиз монданд. Охири соли 2016 ҳукумат ба ин бонкҳо зиёда аз 3,3 миллиард сомонӣ ёрии молиявӣ кард, вале ин миқдор маблағ ду бонкро аз вазъияти буҳронӣ наҷот надод.  То ҳол шаҳрвандон аз ин бонкҳо пасандозҳои худро гирифта наметавонанд.

Рӯзи 21 октябри соли равон “Pressa.tj”  хабар дод, ки бинои “Агроинвестбонк” бонк, воқеъ дар хиёбони Саъдӣ Шерозиро вайрон мекунанд.

Як муштарии ин бонк ба “Pressa. tj” гуфтааст:

“Як қисми тирезаҳои бинои бонкро аллакай кандаанд. Ман дар ин бонк маблағи зиёдеро амонат гузоштаам. Чандин сол шуд, ки барои гирифтани маблағҳоям саргардонам. Биноро вайрон кунанд, тақдири пулҳои ман чӣ мешавад?”

“Pressa. tj” менависад, ки ба рақамҳои бонк борҳо занг заданд, вале касе ба занги онҳо ҷавоб надодааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 70 созмони қарздиҳӣ ва 17 бонк, аз ҷумла як бонки исломӣ фаъолият мекунанд.

“Саноатсодиротбонк” бонки севум аст, ки дар тӯли як соли охир,   иҷозаи корро ба даст овард. Пештар аз ин  созмонҳои қарздиҳии “Арванд” ва “Алиф” низ мақоми бонкро соҳиб шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

На исломӣ ва на демократӣ: Сиёсати паёмрасонии Душанбеву Теҳрон дар ҷанозаи Хоманаӣ

Баргузории ҷаноза дар рӯзи ҷашни 250-солагии истиқлоли Амрико низ ба чолиш кашидани ин кишвар ҳади ақал дар ҷанги иттилоъотӣ буд.

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия ба Тоҷикистон низ таъсир расонд

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафт ба вуҷуд омад, ба Тоҷикистон низ таъсири худро расондааст.

Баҳс сари бозии Аргентина ва Миср идома дорад

Баҳсҳо перомуни бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 байни дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Миср, ки бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мунтахаби Аргентина анҷом ёфт, то ҳанӯз идома дорад.

Вазири маориф ба қазияи латукӯби омӯзгор посух дод. Чи посухе!

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ҳам омӯзгори латукӯбшуда ва ҳам донишомӯз гунаҳкор дониста, ҷарима шуданд.