13.9 C
Dushanbe

Кӣ рост мегӯяд, масъулони Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ё муҳоҷирони дармонда?

Чанде пеш гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки мехостанд аз Русия ба Тоҷикистон тариқи парвозҳои чартерӣ сафар кунанд, бо сабабҳои то ҳанӯз ҳам норӯшан барои онҳо дар фурудгоҳи Домодедово дармонданд.

Пеш аз ин ҳам борҳо муҳоҷирон аз мушкилоти ҷойдошта дар хатсайрҳои чартерӣ ба расонаҳо хабар дода буданд. Аммо масъулини тоҷик вуҷуди мушкилотро дар ин гуна парвозҳо инкор мекунанд. Ба гуфтаи онҳо на пештар ва на ҳоло дар кори парвозҳои чартерӣ мушкилие вуҷуд надорад.

Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтаааст, парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон барои ба ватан овардани ҳамватанон мисли пешин идома доранд.

Субҳонзода мегӯяд: “Ҳамарӯза аз минтақаҳои гуногуни Русия 5-6 парвози чартерӣ ба Тоҷикистон сурат мегирад. Дар иҷрои ин парвозҳо айни замон ва пештар ҳам ягон мушкилӣ нест”.  

Субҳонзода иброз доштааст, ки мақомоти марбутаи Тоҷикистон ҳар 3-4 рӯз ҷадвали парвозҳоро, ки ширкати “Сомон Эйр” анҷом медиҳад, мувофиқа месозанд, ду парвози шаби 1 ноябр аз Русия бо сабабҳои техникӣ бекор карда шуданд. Ба гуфтаи директори Агентӣ рӯзҳои наздик Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурӣ ҷадвали парвозҳои чартериро барои моҳи ноябр ба нашр мерасонад.

Ҳамчунин дар департаменти иттилооти ВКХ ҶТ ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки ҷадвали парвозҳои чартерӣ барои моҳи ноябр ба баррасии Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус пешниҳод шуда, пас аз маъқул дониста шудани он ба нашр мерасад.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, тартиб додани рӯйхати мусофиронро идома медиҳанд.

“Ҳозир рӯйхати шаҳрвандонеро, ки хоҳиши ба ватан бргаштанро доранд, таҳия намуда истодаем. Ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати парвози шаби 1 ноябр номнавис шудаву билет доштанд, рӯзи дигар ба Тоҷикистон фиристода шуданд”, – гуфт Субҳонзода.

Маврид ба ёдоварист, ки шаби 31-уми октябр ва 1-уми ноябр беш аз 200 муҳоҷир дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав дармонда буданд.

Радиои Озодӣ аз манбааш дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон навиша буд, ки бо Русия музокира ҷараён дошт, вале дар охирин лаҳза навтавонистанд ба мувофиқа расанд.

Гуфта мешуд, ки шарти ҷониби Русия барои идомаи парвозҳо ин буда, ки бояд бештар ширкатҳои русӣ муҳоҷиронро ба Тоҷикистон баранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.