21.9 C
Dushanbe

Дар интихоботи Амрико айни замон Ҷо Байден пешсаф аст

Интихоботи президентии Амрико аз дирӯз 3 ноябр шурӯъ шуда ва то имрӯз идома дорад, дар шумориши натоиҷи аввалия Ҷо Байден номзад аз ҳизби демократҳо пештоз аст. Вале коршиносон аз баранда шудани Трамп мегӯянд.

Президенти ИМА Доналд Трамп ва номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи 3 ноябр дар охирин корзори сиёсии худ гуфт, ки вай пирӯзии бузургро интизор аст. Дар ҳамин ҳол, Ҷо Бойден мегӯяд, ки Доналд Трамп бояд ҷомадони худро ҷамъ кунад ва барои тарки қудрат омода бошад.

Доналд Трамп дар ҷараёни охирин корзори интихоботияш дар шаҳри Фейетвилл, Каролинаи Шимолӣ гуфта буд:

“Мо фардо дар ин иёлат бурд мекунем ва чаҳор соли дигар дар Кохи Сафеди бузаргамон мемонем”. Вай дар хитоб ба ҳаводоронаш гуфт: “Бо шарофати овоздиҳии шумо, мо андозҳоро боз ҳам коҳиш медиҳем, хароҷоти ҳукуматро кам мекунем ва полиси бузург ва артиши фавқулоддаи худро ҳимоят мекунем”.

Аммо ба навиштаи “euronews” бо наздик шудани рӯзи охирини овоздиҳӣ барои интихоботи президентии ИМА, пурсишҳо нишон медиҳанд, ки дар ин иёлот ва ғайри он номзади демократҳо Ҷо Байден пешсаф аст.

Номзадҳо ҳар яке худро пирӯзи интихоботи Амрико муаррифӣ мекунанд. Ҷо Байден дар суҳбати охиринаш худро баранда донист ва таъкид дошт, ки дар боқӣ иёлоте, ки раъйи овоздиҳандагон шумориш нашудааст, низ пирӯз хоҳад шуд. Аммо Доналд Трамп мегӯяд, барандаи асосӣ ӯ аст.

Ин дар ҳолест, ки шумориши овозҳои интихоботи президентии ИМА то ҳол ба итмом нарасидааст ва чанд миллион овозҳо ҳанӯз ҳисоб карда нашудаанд, Доналд Трамп худро ғолиби ин интихобот эълон кард ва хостори қатъ кардани ҳисобкунии овозҳо шуд. Вай натиҷаҳои интихоботро “фавқулодда” номид, вале донист, ки Байден пешсаф аст, бидуни ироаи далеле гуфт, дар интихобот “тақаллуб” сурат гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.