Фатво: аз дигар динҳо зан нагиред!

Тибқи хулосаи Раёсати динии мусалмонони Русия , ба мардони мусалмон тавсия дода мешавад, ки ба занони ғайримусалмон издивоҷ накунанд. Маркази фатвои мусалмонони Русия ҳолати диндории занҳои дигар адёнро дар ин кишвар ба назар гирифта ин тавсияи худро додааст, ба ҷуз занҳои мусалмон аз дигар динҳо ҳамсар интихоб накунанд.

Бино ба навиштаи “Интерфакс”  “Шӯрои уламои  Русия қарор кард, ки никоҳ бо намояндагони динҳо, аз ҷумла паравони динҳои осмонӣ (насрониҳо, яҳудиҳо) дар қаламрави Русия нораво буда, танҳо дар мавридҳои муайяни ҷудогона бо қарори муфтии маҳаллӣ имконпазир аст, ки ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи мушаххаси мазкурро баррасӣ ва ба инобат мегирад”.

Дар ин фатво гуфта шудааст, ки зани ғайримусалмоне, ки масалан, Исо (а)-ро на Худо, балки дар баробари Муҳамммад (с) фиристодаи Худо мешумораду мавҷудияти як Худои ягонаро эътироф мекунад ва ба риояи фармудаҳои Қуръони муқаддас омодагӣ изҳор менамояд, бо марди мусалмон ақди никоҳ баста метавонад.

Раёсати Шурои уламои Русия қайд кардааст, ки барои ду шахси ба ин ҳад наздик мисли зану шавҳар ҷиҳати мустаҳкам будани иттифоқашон мавҷудияти арзишҳои умумӣ муҳим аст.

“Ягонагӣ ва наздик будани назару дидгоҳҳои ҳамсарон дар масоили динӣ ва маънавият муҳимтарин шарти ҳаёти якҷоя ва хушбахтии онҳост”, зикр гардидааст дар хулосаи фатвои Шумори уламои Русия.

Ҳамзамон Раёсати Шурои мусалмонони Русия фатвои дигаре содир кардааст, ки тибқи он имомони масҷидҳо вазифадор шудаанд, ақди никоҳ ва таъйини маҳрияро танҳо дар ҳузури васӣ ё сарпарасти қонунии арӯс ва шоҳидони мусалмон баргузор кунанд. Ба васӣ ё парастори қонунии арӯс тавсия дода мешавад, ки бе сабаби ҷиддӣ ба ақди никоҳ зиддият накунад.

Дар ин маврид, Роман Силантев, исломшинос ва Профессори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав ё МГЛУ ба расонаҳо гуфтааст, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат танҳо мазҳаби ҳанафӣ иҷозаи издивоҷ бо аҳли китобро медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ  “Маълум мешавад, ки ин фатвои Шурои уламои Русия хилофи мазҳабе аст, ки дар Русия пайравони зиёд дорад. Чунин фатвоҳо талоше ҳастанд барои хусусияти умумиисломӣ додани як масъала. Ба ҳамин хотир ин фатво ғайри қобили қабул аст, ҳамчуноне, ки калисои православӣ аз номи ҳамаи масеҳиён изҳори назар кунад”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.