16.9 C
Dushanbe

Парвозҳои доимӣ байни Русия ва Тоҷикистон баррасӣ мешавад

Сурат: ТАСС

Рӯзи 11 ноябри соли равон Икром Субҳонзода директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Александр Нерадко муовини аввали вазири нақлиёти Русия зимни як нишаст ба шакли видеоконфронс масъалаи аз саргирии парвозҳои мустақим байни Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Росавиатсия дар ин нишсат аз саргирии парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳои судманд байни ду ниҳод, ҳамчунин парвозҳои содиротӣ байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Вале дар мавриди аз саргирии парвозҳои доимӣ байни ин ду кишвар то ҳол номуаян боқӣ мондааст.

Дар идома гуфта шудааст, ки “бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар Русия ва Тоҷикистон машваратҳо дар мавриди шакли пурра аз сар гирифтани иртиботи авиатсионии дутарафа давом хоҳад ёфт”.

Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия аз 20 март баъд аз хуруҷи   пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, ки то ба имрӯз идома дорад. Тоҷикистон барои баргардонидани шаҳрвандонаш аз Русия чандин парвозҳои чатерӣ ташкил кард, ки ба гуфтаи мақомот беш аз 70 ҳазор шаҳрвандро ба кишвар баргардонидааст.

Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ парвозҳои доимиашро барқарор кард, вале бо Тоҷикистон то ҳол парвозҳои доимияш барқарор нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд “Гурӯҳи 24”-ро экстремистӣ эълон кунанд

Додситонии вилояти Иваново талаб кардааст, ки фаъолияти Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" дар Русия манъ карда шавад.

Эрон ҳаҷми зарари ҷангро 270 миллиард доллар арзёбӣ кард

Эрон ҳаҷми пешакии зарар аз ҳамлаҳои низомии Амрико ва Исроилро тақрибан 270 миллиард доллар эълон кард.

Шикояти писари Зайд Саид: “Моро аз охирин сарпаноҳамон маҳрум кардан мехоҳанд”

Мақомоти кишвар талош доранд, хонаи Саид Саид, собиқ тоҷири муваффақ ва ҳоло зиндонии сиёсиро бигиранд ва фарзандонашро аз он берун кунанд.

Як соҳибкор ба хотири писараш боздоштгоҳи нав сохт

Як соҳибкори маҳаллӣ аз Истаравшан пас аз дидани вазъи фарзанди боздоштшудааш, як боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и наве сохта ба мақомот додааст.