Барномаи хабарии “ҲАФТА” |AZDА TV| برنامه ای خبری هفته اخبار تاجیکستان

Шикояти сокинон аз бебарқӣ дар манотиқи Тоҷикистон. Чаро масъулони ширкати “Барқи тоҷик” ҳақиқатро намегӯянд?

Чандест дар аксар манотиқи кишвар мисли солҳои пешин маҳдудият (лимит)-и барқ ҷорӣ шудааст. Сокинон аз он шикоят доранд, ки дар як шабонарӯз танҳо аз 10 то 12 соат барқ доранд, ҳатто дар баъзе минтақаҳо аз ин ҳам камтар барқ дода мешавад. Гуфта мешавад, ин маҳдудият ва ё қатъи барқ сокинони шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро низ ба ташвиш овардааст. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолон аз ҷорӣ шудани лимити барқ изҳори норозигӣ мекунанд, ки давоми ҳафта ингуна шикоятҳо хеле зиёд буд.

Чаро сомонаи хабарии “Ахбор” фаъолияташро қатъ кард?

Қатъи фаъолияти “Ахбор” ва қаблан дигар расонаҳои мустақил дар ҳолест, ки солҳои ахир чандин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён ва фишор болои хабарнигорон танқид мекунанд. Ва ахиран Иттиҳоди Аврупо аз коҳиши фазои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла аз маҳдуд кардани озодии баён ва озодии гирдиҳамоиҳо изҳори нигаронӣ кард. Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки фазои боз ва амнияти журналистони мустақилро кафолат дода, аз масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии хабаргузориҳои мустақил даст бардорад.

Озодии зиндониҳои сиёсии тоҷик, меҳвари баҳси Муколамаи солонаи Иттиҳоди Аврупо шуд

11 ноябр 12-умин Муколамаи солонаи Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқи инсон доир шуд, ки дар он Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон талаб карда як қатор тавсияҳоро иҷро намояд. Ин муоколама аз тариқи конфронси видеоӣ сурат гирифт ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Борис Ярочевич, раҳбари шуъбаи Осиёи Марказӣ дар Комиссариати равобити хориҷии ин созмон бар ӯҳда дошт. Ҷониби ҳайати Тоҷикистонро Абдуҷаббор Сатторзода, сардори Раёсати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи президент роҳбарӣ мекард.

Тафсилоти бештар дар видео: ⤵️

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд шумораи муҳоҷиронро маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод карданд, ки сиёсати муҳоҷиратӣ боз ҳам сахттар ва шумораи хориҷиён то 3 миллион кам карда шавад.

Бо дастури Эмомалӣ дар Турсунзода барои узбекзабонҳо мактабҳои нав бунёд шаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маориф дастур додааст, ки бо дарназардошти шумораи узбекзтаборон дар кишвар, барои онҳо мактабҳои махсус бунёд намуда, маводи таълимӣ бо забони узбекӣ таҳия кунанд.

Аз нафт то иттиҳоди форсизабонон: Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Эрон дар бораи имзои як созишномаи дарозмуддат барои таъмини маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...