21.9 C
Dushanbe

Қарзи берунаи Тоҷикистон марзи 3 млрд долларро ҳам гузашт

То 1 октябри соли равон қарзи берунаи Тоҷикистон ҳудуди 3 млрд 163 млн долларро ташкил додааст.

“Азияи-Плюс” аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар аввали сол он ба 2 млрд 888 млн доллар баробар буд ва ҳоло марзи 3 млрдро гузашт.

Гуфта мешавад, зиёда аз 95% дар сохтори қарзи берунаи Тоҷикистон бештар, аз 3 млрд 18 млн доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ баробар аст, ки иҷрои хизматрасонии ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳамчунин қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 91,1 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн долларро дар бар мегирад.

Дар идома зикр гардидааст, ки қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон аз Хазинаи байнулмилалии асъор, Чин, Бонки исломии рушд ҳамагӣ ба 22,5 млн доллар расидааст.

Як қисми қарзи хориҷии кишвар аз Хазинаи байнулмилалии асъор аст, ки моҳи майи соли равон ба маблағи 189,5 млн доллар болои қарзҳои қаблӣ изофа гардид.

Чин яке аз қарздиҳандагони асосии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки (ҳудуди 1,2 млрд доллар) то ба имрӯз ба Ҳукумати Тоҷикистон қарз додааст.

Дар баробари ин дигар қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байналмиллалии молиявӣ 500 млн долларро дар бар мегирад.

Инчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ХБА қарздор аст, вале ҳаҷми он мушаххас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.