7.9 C
Dushanbe

Иброҳим Мутуллозода: Агар “Тоҷикматлубот” маблағ ҷудо мекард, ҳоло вазъ то ба ин дараҷа намерасид

Сурат: tojikmatlubot.tj

Намояндаи Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот дар вилояти Суғд аз он нигаронӣ кардааст, ки аз сабаби бепулӣ ва кам захира намудани маҳсулоти кишвоарзӣ наметавонанд пеши роҳи гарон шудани маҳсулоти хуроквориро бигиранд ва ба сокинон маҳсулоти арзон пешниҳод намояд.

Намояндагони ин ниҳоди давлатӣ гуфтаанд, ки аз сабаби он ки ду сол боз барояшон аз буҷет маблағ ҷудо нагардидааст, натавонистанд маҳсулоти озуқаворӣ захира намоянд.

Намояндаи ин ниҳод аз он нигаронӣ мекунад, ки дар ин вазъи болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо, наметавонанд дар танзими нархи бозор саҳм гузоранд. Ба гуфтаи онҳо, дар сурати аз ҷониби Тоҷикматлубот ҷудо гардидани маблағ, онҳо имкони захираи маҳсулотро доштанд.

Бино ба иттилои “Азияи – Плюс” Иброҳим Мутуллозода, раиси Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд гуфтааст:

“имсол ҳамагӣ беш аз 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира кардаанд, ки барои аҳолии ин вилоят басанда нест”.

Ӯ гуфтааст, бо захираи 200 тонна пиёз, 103 тонна картошка, 20 тонна себ чӣ тавр дар поён бурдани нархи бозор саҳм гузорем?

“Ду сол инҷониб “Тоҷикматлубот” маблағ ҷудо намекунад ва имсол низ ҷудо накард. Қаблан тариқи имтиёз ба мо маблағ медод ва дар шаш моҳ онро бармегардонидем. Агар “Тоҷикматлубот” маблағ ҷудо мекард, ҳоло вазъ то ба ин дараҷа намерасид. Баъди он ки дар шаҳри Душанбе сардхонаи 1,5 ҳазор тоннаӣ сохтанд “Тоҷикматлубот” ба захираи маҳсулот дар пойтахт рӯй овард”, – гуфтааст Мутуллозода.

Дида мешавад, ки давоми як моҳи охир нархи маҳсулоти хӯрока дар таоми шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон якбора боло ҷаҳид. Мардум бештар барои гарон шудани маводи ниёзи аввал нигаронӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.