Қарзи берунаи Тоҷикистон ба беш аз 43 дарсади ММД расид

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гуфтааст, то 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии қарзи давлатии ҷумҳурӣ ба беш аз 3,7 миллиард доллари амрикоӣ расидааст.

Қаҳҳорзода зимни баррасии барномаи нави қарзгирии Тоҷикистон дар парлумон гуфтааст, дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар 5 созишномаи нави қарзӣ ба маблағи умумии 459,5 миллион доллари амрикоӣ бо ташкилотҳои гуногуни молиявӣ ба имзо расонида шудааст.

“Садои мардум” аз қавли Қаҳҳорзода навиштааст, ки ҳаҷми қарзи давлатии ҷумҳурӣ ба ҳолати аввали октябри соли равон ба 43,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, барои хизматрасонии қарзи беруна дар соли 2021 ҳудуди 213,5 миллион доллар, соли 2022 –  238,2 миллион доллар ва соли 2023 ҳудуди 243,3 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Вазир гуфтааст, дар буҷа соли 2021 барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 2,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, 1 миллиард сомонии он барои пардохти қарзи асосӣ ва 861,1 миллион сомонӣ барои пардохти фоизҳои он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.