13.9 C
Dushanbe

Шикояти мусофирон аз хизматрасонии “Сомон Эйр”

Як корбари шабакаи Фейсбук бо номи Муҳаммад Собиров рӯзи 22 ноябр барои муқоисаи хизматрасонии ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ва “Узбекистон ҳаво юлари”-и Узбекистон аксу навореро аз хӯроки тақсимкардаи дохили ҳавопаймо нашр кардааст, ки дида мешавад хӯроке, ки ширкати узбекистонӣ ба мусофирон тақдим мекунад аз хӯроки тақдим намудаи ширкати тоҷикистонӣ ба маротиб беҳтару бештар аст.

Ин корбари Фейсбук мегӯяд, чиптаи Москва-Душанбе аз ширкати “Сомон Эйр” 38200 рубл нарх дорад. Нархи чиптаи Москва – Самарқанд аз ширкати “Узбекистон ҳаво юлари” 21-22 ҳазор рубл нарх дорад.

Ба ғайр аз нархи чиптаҳо, ки хеле аз ҳам фарқ мекунанд, хӯроке ки дар дохили ҳавопаймоҳо пешкаш мегардад низ фарқкунанда аст. Ширкати “Сомон Эйр” бо вуҷуди доштани нархи гарони чипта хӯроке, ки ба мусофиронаш медиҳад аз як нону буридаи панир ва ҳасибу бодиринг иборат аст.

Ба фарқ аз ширкати “Сомон Эйр” ширкати узбекистонии “Узбекистон ҳаво юлари”, ки нархи чиптаҳояш арзонтар мебошанд, хӯроки беҳтар ва бештарро барои мусофиронаш пешкаш мекунад. Дар наворе, ки ин корбар гузоштааст, як мард бо забони русӣ мегӯяд, ки ин ҳама хӯрокро 1 нафар ба пуррагӣ хӯрда наметавонад. Вале хӯроки “Сомон Эйр” ҳамагӣ як сендвич будааст.

Чандин корбари дигар низ аз гарон будани нарх ва паст будани хизматрасонӣ нисбати мусофирон шикоят кардаанд. Шикоят аз болои ин ширкат дар ҳолест, ки бештари парвозҳои чартериро аз Русия ба Тоҷикистон ҳамин ширкат, ки ба Ҳасан Асадуллозода додарарӯси Президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад анҷом медиҳад.

Гаронии чиптаро ин ширкат ба ҳолати имрӯзаи дунё ва ба чанд навъи масраф, ки дар болои маблағи чипта зам мегардад, аз ҷумла ҳаққи хадамот, сӯзишворӣ, таъмири ҳавопаймо, музди  кормандон, молиёт ва ғайра рабт медиҳад. Вале ба гуфтаи як ҳамсуҳбати “Аздо тв”:

“Он чиро, ки хабаргузориҳо аз қавли мудирони ширкатҳои ҳавонавардӣ менависанд, воқеият надорад, зеро тӯли ду сол аст, ки расман бозори чиптафурӯшӣ зери дасти Тахмина – духтари раисҷумҳур ва шаҳвараш Зарифбек қарор гирифтааст. Пеш аз ин аз сари ҳар чипта ҳақ мегирифтанд, ҳоло ҳама чизро онҳо муқаррар мекунанд”.

Ба гуфтаи манбаи мо, Зарифбек замоне инҳисори билетҳои ҳавопаймоии кишварро ба даст гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумат аз гаронии нархи билетҳо ва фаъолияти раҳбарияти собиқи “Тоҷик Эйр” интиқоди шадид намуда, аз маҷлис берун кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...