13.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон бар асари пандемия чанд оила кумаки якдафъаина гирифт?

Сурат: vecherka.tj

Дар Тоҷикистон барои коҳиш додани паёмадҳои иҷтимоии бемории сироятии COVID-19, ба 390 ҳазору 251 нафар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ 156 миллиону 100 ҳазору 400 сомонӣ кумакпулии якдафъаина расонида шудааст.

Хабаргузории давлатии “Ховар” аз қавли Назокат Одиназода сардори шуъбаи идоракунии буҷет дар соҳаи тандурустӣ, варзиш ва ҳифзи иҷтимоӣ, сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Тоҷикистон навиштааст:

“аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пардохти кумакпулиҳои якдафъаина дар маҷмӯъ 174 миллиону 944 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо карда шудааст”.

Дар идома гуфта шудааст, ки  то 17 ноябри соли равон аз маблағи ҷудошуда 156 миллиону 100 ҳазору 400 сомонӣ хароҷот гардида,  390 ҳазору 251 нафар/оилаи осебпазир, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 135  ҳазору  156 оила/нафар ба маблағи 54 миллиону 62 ҳазору 400 сомонӣ, вилояти Суғд 120 ҳазору 139 нафар/оила ба маблағи 48 миллиону 55 ҳазору 600 сомонӣ, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16 ҳазору 366 оила/нафар ба маблағи 6 миллиону 546 ҳазор 400 сомонӣ, шаҳри Душанбе 29 ҳазору 860 оила/нафар ба маблағи 11 миллиону 944 ҳазор сомонӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 88 730 оила/нафар ба маблағи 35 миллиону 492 ҳазор сомонӣ аз кумакпулӣ бархурдор гардиданд.

Ҳамчунин  гуфта шудааст, ки  шумораи умумии табақаҳои осебпазир дар ҷумҳурӣ 437 ҳазору 361 оила/нафар, аз ҷумла гирандагони нафақаи иҷтимоӣ 43 ҳазору 231 нафар, маъюбон 151 ҳазору 80 нафар, кӯдакони ятим, кӯдакони аз саробон маҳрумшуда 77 ҳазору 982 нафар, аз ин кӯдакони бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ 3000 нафар, кӯдакони маъюби то 16-солаи мубталои ВНМО/БПНМ 987 нафар, шаҳрвандони камбизоат (оилаҳои камбизоат) 163 ҳазору 781 оила, гурезагони камбизоати хориҷие, ки расман мақоми гуреза доранд, 300 нафарро ташкил  додааст.

Ин омори Вазорати молия дар ҳолест, ки чанде пеш сокинон вилояти Хатлон шикоят карда буданд, ки бо вуҷуди дар руйхати камбизоатҳо қарор доштанашон натавонистаанд маблағ барои асароти пандемия ҷудо гардидаро бигиранд. Ҳамчунин иддао доштанд, ки бояд ба хотири гирифтани 100 сомонии ҷудогардида, аз он бештар харҷ намоӣ, то он маблағро дастрас кунӣ.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...