Аз ин ба баъд талоқ бо паёмак ҷиноят маҳсуб мешавад

Намояндагони Парлумони Тоҷикистон тарҳи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки ҳар нафаре ҳамсарашро тариқи паёмаки телефонӣ талоқ медиҳад, муҷозот карда шавад.

Гуфта мешавад, дар сурати ба тасвиб расидани ин қонун мардоне, ки ҳамсарони худро тариқи паёмак ё (СМС) талоқ медиҳад аз 3 то 5 сол равонаи зиндон мешавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз як манбаъаш дар парлумони Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз руйи маълумоти интишор гардида, тайи чанд соли охир шумораи талоқ тариқи паёмак хело зиёд гардидааст. Дар соли 2019 дар Тоҷикистон 12 ҳазору 500 мавриди талоқ сабт гардида, ки нисбати соли 2018 ду ҳазору 500 ҳолат бештар будааст.

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон аз ин қонун ҷонибдорӣ намуда, гуфта, ки ҳамасола беш аз 100 мавриди ҷанҷол бар сари талоқҳои паёмакиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Тақдимкунандагони ин тарҳ бар ин назаранд, ки теъдоде аз шаҳрвандони ин кишвар пас аз рафтан ба Русия барои кор бо ирсоли паёмак талоқи ҳамсаронашонро эълон мекунанд, ки сабаби афзоиши мушкилоти иҷтмоӣ мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.