Ҷопон ба Тоҷикистон 600 млн йени ҷопонӣ барои муассисаҳои тиббӣ грант ҷудо мекунад

Ҳукумати Ҷопон барои лоиҳаи таҷҳизоти техникии муассисаҳои тиббӣ ба Тоҷикстон 600 миллион йени ҷопонӣ (баробар бо 5 млн доллар) ҷудо мекунад. Дар ин бора “Avesta.tj” хабар дод.

Имрӯз дар як ҷаласа Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, созишномаи қаблан имзошудаи байни кишварҳоро дар бораи “Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ” ба тасвиб расонд.

Ин маблағ аз ҷониби давлати Ҷопон ҳамчун грант ба ҳукумати Тоҷикистон дода мешавад. Ин кумак ба беҳтар намудани муассисаҳои тиббӣ тавассути овардани таҷҳизоти муосири тиббӣ барои ташхис ва табобати беморони СОVID-19 мусоидат карда мешавад.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки хуруҷи коронавирус бори дигар нишон дод, ки на ҳама муассисаҳои тиббии кишвар ба ҳолати фавқулодда омодаанд ва ин ба нарасидани мутахассисон дар ноҳияҳои дурдаст, вазъи бади як қатор муассисаҳои тиббӣ, набудани таҷҳизот ва асбобҳои ташхисӣ, инчунин дастрасии нокифояи аҳолӣ ба хизматрасониии пурраи тиббӣ вобаста мебошад.

Дар идома гуфта шудааст, ки аксари таҷҳизот ва озмоишгоҳҳо аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд ва бо тағйир ёфтани стандартҳои ҷаҳонӣ, пайдоиши усулҳои нави ташхису табобат, харид ва таҳвили таҷҳизоти пешрафта аз ҷониби Ҷопон хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Ёдовар мешавем аввалин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон моҳи апрел ба қайд гирифта шуда буд. Тибқи оморҳои расмӣ то имрӯз дар Тоҷикистон бар асари ин бемории ҳамагир 88 нафар фавтидаанд. Ҳамагӣ 12777 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 12212 нафари он шифо ёфтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...

Аз 1-уми сентябр қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия сахттар мешаванд

Аз 1-уми сентябри соли 2026 дар Русия чанд қонуни наве ба иҷро медароянд, ки назорат аз болои муҳоҷирон сахттар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон писараш Рустами Эмомалиро бо ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ писараш Рустами Эмомалиро бо ордени дараҷаи якуми Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард.

Камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар то 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Муҳоҷират чӣ?

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар солҳои аввали истиқлол то 19 дарсад дар соли 2025 коҳиш ёфтааст.